Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Манижаи Давлат ба шоири маълул


-

Салому эҳтиром бар Озодӣ!

Пеш аз ҳама мехоҳам аз кормандони арҷманди сайти интернетии ОЗОДӢ, ба хусус аз рӯзноманигори мӯҳтарам Сайёфи Мизроб ба хотири инъикоси дарди ҷомеа - дастгирии рӯҳии маълулон ва маҳрумон ва таблиғи меҳрварзӣ, самимият, дӯстӣ, муҳаббат, садоқат, дастгирию инсондӯстӣ ва рушди озодиҳои созгор бо арзишҳои миллӣ ва ба ёд овардани ҳунармандон ташаккур ва сипосгузорӣ намоям. Умед дорам, дар сайт дар мавзӯъи гуфтугӯи ҳунармандону мухлисонашон матолиби бештар ҷо медиҳед. Барои шумо тамоми мувафаққиятҳоро орзу дорам.

Шоири шердил, Ҷамшеди Раҳимзоди азиз! Бахшиш ки хеле дер ман ба сатрҳои пур аз дарду самимияти шумо ҷавоб мегӯям, гирифториҳои зиндагӣ сабаб буд. Ман суханҳои некӯ ва ашъори баланд ва самимии Шуморо хондам, бисёр мутаассир шудам ва хеле хушҳолам, ки соҳиби иродаи қавӣ ва оҳанин ҳастӣ ва сахтиҳои зиёдеро пушти сар кардӣ ва аз ХУДОВАНДИ КАРИМ умед дорам, сиҳатии комил насибат мешавад ва бар сахтиҳо пирӯз мегардӣ. Умедворам, ба ҷои маризӣ-солимӣ, ба ҷои заъифӣ - бузургӣ насибат мегардад. Барои суханҳои самимӣ ва шеъри зебоят ва мухлисият ташаккур ва бениҳоят сипосгузорам. Худо насиб карда бошад ба аёдати Шумо сарфароз мешавам.

То ҳастаму ҳастед, ҳамрози шумо хоҳам буд.
Худо нигаҳдори Шумо
Манижаи Давлат.


Номаи овозхони маъруф посух ба дархости шоири маълул, Ҷамшеди Раҳимзод аст, ки ба Радиои Озодӣ рози дил карда буд, ки орзуи дидор ва сӯҳбат бо Манижаро дорад.
XS
SM
MD
LG