Пайвандҳои дастрасӣ

Киҳо ба Турин мераванд?


Омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии зимистона дар шаҳри Турини Италия дар як ҷаласаи Кумитаи миллии олимпии ин кишвар баррасӣ шуд.
Фарид Солеҳов, сухангӯи ин кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Олимпиадаи Турин, ки аз 10 то 26 феврал оид ба 17 навъи варзиш баргузор мешавад, намояндагони Тоҷикистон танҳо дар як ришта - лижаронии кӯҳӣ рақобат хоҳанд кард. Вай афзуд:
Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон Андрей Дригин ва Абдуғаффор Шарифов дохиланд. Андрей порсол дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Швейтсария ва Австрия натоиҷи хуб ба даст оварда, меъёри олимпиро иҷро кард ва барои ширкат дар Олимпиадаи Турин роҳ ёфт. Ӯ айни ҳол дар вилояти Красноярски Русия тамрин мекунад. Абдуғаффор дар пойгоҳи лижаронии Сафедорак, 50-километрии шимоли Душанбе ба Олимпиада омодагӣ мегирад.
Фарид Солеҳов ҳамчунин иттилоъ дод, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои олимпичиён - собиқадорони варзиши тоҷик маоши мудомулумр таъин кард. Аз ин ба баъд ба Зебуннисо Рустамова, барандаи ҷоизаи олимпӣ, Иброҳим Ҳасанов, аввалин иштирокчии Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон ва ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ҳар моҳ ба маблағи 50 доллар кӯмакпулӣ дода мешавад.
XS
SM
MD
LG