Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба Турин


Фарид Солеҳов, сухангӯи ин кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Олимпиадаи Турин, ки аз 10 то 26 феврал оид ба 17 навъи варзиш баргузор мешавад, намояндагони Тоҷикистон танҳо дар як ришта - лижаронии кӯҳӣ рақобат хоҳанд кард. Вай афзуд: «Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон Андрей Дригин ва Абдуғаффор Шарифов дохиланд. Андрей порсол дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Швейтсария ва Австрия натоиҷи хуб ба даст оварда, меъёри олимпиро иҷро кард ва барои ширкат дар Олимпиадаи Турин роҳ ёфт. Ӯ дар айни ҳол дар вилояти Красноярски Русия тамрин мекунад. Абдуғаффор дар пойгоҳи лижаронии Сафедорак, 50-километрии шимоли Душанбе омодагӣ мебинад.»

Фарид Солеҳов ҳамчунин иттилоъ дод, ки нахустин бор Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои олимпичиён -- собиқадорони варзиши тоҷик маоши мудомулумр таъин кардааст. Ба Зебуннисо Рустамова, барандаи ҷоизаи олимпӣ, Иброҳим Ҳасанов, аввалин иштирокчии Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон ва ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ҳар моҳ ба маблағи 50 доллар кӯмакпулӣ дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG