Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши арзиши бензин дар Тоҷикистон


Дар қиёс бо аввали моҳи декабри соли гузашта қимати маводи сӯхт, ё худ бензин дар Тоҷикистон ҳудуди 20 дар сад коҳиш ёфт ва акнун дар нуқтаҳои бензинфурӯшии шаҳри Душанбе нархи як литр бензин аз як сомонию ҳаштод дирам то ду сомонию бист дирам муқаррар шудааст. Моҳе қабл як литр бензини навъи 96 - ду сомонию 80 дирам, бензини навъи 76 - дуюним сомонӣ арзиш дошт ва ҳамакнун қимати он ҳудуди 60-70 дирам поин рафтааст. Ҳамзамон поинравии қимати бензин дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ ба мушоҳада мерасад. Масалан, дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон қимати як литр бензин мувофиқ ба навъаш аз як сомонию 80 дирам то ду сомонӣ буда, дар шаҳри Кӯлоб, 150-километрии пойтахти Тоҷикистон бензини навъи 76 як сомонию 90 дирам ва бензини навъи 96 ду сомонию 20 дирам арзиш дорад. Ва аммо дар вилояти Суғд навъи баландтарини бензинро ба ивази як сомонию 80 дирам мешавад харидорӣ кард. Қимати ин навъи сӯзишворӣ ҳафтае қабл дар ин минтақа бист дирам арзонтар буд. Масъулини вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон коҳиш ёфтани нархи маводи сӯхтро дар соли нав пешбинӣ мекунанд. Қаблан беш аз 40 дар сади маводи сӯзишворӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мешуд, вале Қазоқистон то 31 декабри соли 2005 содироти сӯзишвориро ба хориҷи кишвар қатъ карда буд. Ҳамакнун пас аз анҷоми мӯҳлати манъи содироти сӯзишворӣ аз Қазоқистон, Тоҷикистон метавонад бидуни монеа аз ин кишвар маводи сӯзишворӣ харидорӣ кунад ва нархи кунунии бензин нигаҳ дошта шавад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG