Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин барномаи ҳукуматӣ барои рушди фарҳанги миллӣ


Иброҳим Усмонов, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон ба унвони раҳбари гурӯҳи кории барномаи нави ҳукуматӣ оид ба рушди фарҳанг дар солҳои 2005-2010 мегӯяд, ҳадафи аслии қабули чунин барнома анҷоми ислоҳоти саросарӣ дар риштаи фарҳанг ва умури маданияти Тоҷикистон аст. Ин барнома баъди баррасиҳои яксолаи коршиносони риштаи фарҳанги кишвар қабул шудааст. Иброҳим Усмонов мегӯяд:

«Мақсади асосии барнома мутобиқ кардани соҳаи фарҳанг ба ҷараёнҳои имрӯзаи зиндагӣ, аз байн бурдани камбудиҳое, ки ба назар мерасад, тадбиқи усулҳои ҷадиди кор дар ин соҳа ва ҳамчунин тарбияи кадрҳо»

Оқои Усмонов гуфт, ин ҳадафҳо кулли риштаҳои фарҳанг - китобдориву ҳунарҳои овозхонӣ, табъу нашр ва синамо, умури маърифату санъат, ҳунарҳои лухтакбозиву ҳаҷв, театр ва дигар соҳаҳоро дар назар мегирад. Ба унвони намунаҳо аз мушкилоти соҳаҳои замонавии фарҳанги Тоҷикистон, оқои Усмонов ба набуди мутахассисони риштаҳои мусиқии классикии аврупоӣ ва миллӣ, компютерикунонии кулли риштаҳои фарҳанг, мушкилоти муассисаҳои фарҳангии маҳалҳои Тоҷикистон таъкид намуд.

Дар айни замон, муаллифони барномаи рушди фарҳанги Тоҷикистон таъкид бар он доранд, ки муҳимтарин хости онҳо тақвият бахшидани кулли бахшҳои фарҳанги миллии мардуми тоҷик аст. Ва дар ин самт, ба қавли Иброҳим Усмонов, "ба манфиати ҳеҷ як минтақаи Тоҷикистон, аз ҷумла ба забон ва дастовардҳои этнографиву маҳаллии навоҳиву вилоёти ин кишвар бартарӣ дода намешавад".

Баъди касби истиқлоли Тоҷикистон, ин нахустин барномаи ҳукуматӣ аст, ки барои рушди фарҳанги миллӣ равона шудааст. Тибқи иттилои мақомоти ҳукуматӣ, аз буҷаи давлатии Тоҷикистон барои иҷрои он маблағи махсус ҷудо намешавад, иҷроиши тарҳҳои ин барнома бар асоси ҷалби сармояву маблағҳои сохторҳои мухталиф дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG