Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нарху навои маҳсулот дар Душанбе


Дар бозорҳои Душанбе нархи фаровардаҳои кишоварзӣ ва қаннодӣ то ҳудуди 30 дарсад боло рафт. Ҳарчанд чунин як афзоиши нархи маҳсулот дар арафаи ҳар иду маъракаҳо барои сокинони Тоҷикистон муқаррарист, вале дар ин маврид харидорон бештар аз тоҷирони маҳаллӣ нигаронанд. Нисо Кабирова, як сокини Душанбе, ки афзоиши нархи фаровардаҳо дар арафаи таҷлили соли нави мелодӣ ба буҷаи хонаводааш хисорот ворид кардааст, мӯътақид аст, ки тоҷирон ба хотири ба даст овардани фоидаи бештар нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро боло мебардоранд:

«Нарху наво дар арафаи соли нав хеле боло рафт. Масалан, як кило картошкаро агар мо қаблан 80 дирам мехаридем, дар арафаи соли нва 1 сомони 60 дирам харидем, нархи пиёз ҳам то як сомонӣ боло рафт. Нархи гӯшт то 10 сомонӣ расид, ки қаблан 8-8,5 сомонӣ мехаридем. Рӯзи соли нав панҷ бастаи кабутиро 2 сомонӣ хаирдам, ки дар рӯзҳои муқаррарӣ 1 дирам нарх дошт.»

Ва аммо ин дар ҳолест, ки тоҷирон афзоиши нархи маҳсулотро ба тавлидкунандагон ва ширкатҳои ба кишвар воридкунандаи маҳсулот марбут медонанд. Нафиса Аҳмадова, тоҷири яке аз дӯконҳои кишоварзии бозори «Баракат»-и Душанбе, ки норанҷӣ ва ё мандарин мефурӯхт гуфт:

«Мо пештар ҳамин мандаринро 1 сомониву 50 дирам мехаридем. Пеш аз соли нав дар анборҳои барои мо нархи онро 2 сомонӣ муайян карданд. Мо низ маҷбурем, ки дар ин ҳавои сард дар болои нархи он 20-30 дирам илова карда баъд фурушем.»

Хонум Аҳмадова афзуд, агар дар рӯзҳои муқаррарӣ ҳудуди 20 кило норанҷӣ мефурухт, дар ду рӯзи ахири соли 2005 бештар аз сад кило чунин як навъи меваро савдо кардааст.

Дар ҳамин ҳол Одина Одинаев, раиси бахши мониторинги нарх ва нархсозии вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон низ болорави нархи маҳсулоти ниёзи мардум дар бозорҳои кишвар, бахусус шаҳри Душанберо таъийд кард ва гуфт:

«Дар арафаи соли нав маҳсулоти гуштӣ аз 6,5 то 9 дарсад, биринҷ 10,8 дарсад, маҳсулоти нонӣ 7,8 дарсад, маҳсулоти кишоварзӣ масалан пиёз 29,2 дарсад, картошка 11,4 дарсад ва нархи мевагӣ аз 4 то 21, 6 дарсад боло рафт.»

Ӯ афзуд, афзоиши нархи маҳсулот дар бозорҳо бештар ба он иртибот дорад, ки талаботи мардум якбора ба ин қабил маҳсулот афзудааст. Ба эътиқоди Оқои Одинаев инчунин иллати дигари афзоиши якбораи нархи маҳсулот дар бозорҳо ин аст, ки соли ҷорӣ тавлидоти бархе аз фаровардаҳои кишоварзӣ коҳиш дошт ва дар анборҳо нокифоя захира шудааст:

«Тафаккури тоҷирони мо он аст, ки дар чунин ҷашну маъракаҳо ҳар нархеро, ки ба маҳсулот мегузорам харидор мехарад.»

Аммо ин дар ҳолест, ки истеъмолкунандагон аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи мардум дар кишвар идома мекунад, зеро чанд рӯз баъд мусалмонони дунё иди Қурбонро таҷлил хоҳанд кард ва ҳар хонавода дар Тоҷикистон низ ин идро бо густурдани дастархони пур аз анвои ғизо ҷашн мегирад.
XS
SM
MD
LG