Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Амрико ба марзбонони тоҷик


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ироаи нахустини кӯмакҳои худ ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро шурӯъ кардааст. Дар тӯли чанд ҳафтаи наздик ИМА ба марзбонони Тоҷикистон маводи адвия ва ағзия, либоси зимистона ва дигар амволи зарурӣ ба маблағи се миллион доллар хоҳад дод. Ироаи нахустини кӯмакҳо аз 100.000 бастаи инфиродии таом иборат буд, ки бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба таври мустақим ба марз интиқол дода хоҳад шуд. Томас Армбрустер, ноибсафири Амрико дар Душанбе, ки дар фароварди бор аз ҳавопаймо рӯзи дуюми январ дар фурӯдгоҳи Душанбе ширкат дошт, гуфтааст, таваҷҷӯҳ ба мушкилоти марзбонони тоҷик талошест баҳри тақвияти сарҳад ва ҷилавгирӣ аз траффики инсон, аслиҳа ва маводи мухаддир.
XS
SM
MD
LG