Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Орзуи Шумо дар соли нави милодӣ


Орзу мекунам, ки дар соли нави 2006-ум Худованди кирдугор ба мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов фиросати дурбинона ва созандаи тоҷикона бидиҳад, то ки вай раванди монархисозии ҳукумат дар Тоҷикистони азизамонро ба раванди демократӣ табдил бидиҳад ва бидуни кашмакашу найрангбозиҳо аз ширкат дар интихоботи навбатии президентӣ бо сари баланд даст кашад ва ба ягон номзади наву тозафикр роҳ бидиҳад.
Дар чунин ҳол, бовар дорам, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов каҳрамони миллӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз имкони инқилоби ранга ва харобиҳо наҷот хоҳад дод.
Бо эҳтиром
Сиёвуш
---------------------------------------
Салом.
Аввалан, соли навро ба ҳамаи мардуми дунё, хусусан тоҷикон табрик гуфта, умедворам, ки
соли хуб ва пурбаракате бошад. Ва орзуи ман дар ин сол ин аст, ки интихоботи президентӣ ба таври демократӣ, озоду одилона ва шаффоф ҷараён гирад, то дар дили касе доғе намонад.
Бигзор дар ин интихобот як каси шоистае раҳбари Тоҷикистон интихоб шавад.
Ва орзуҳои дигарам ин ки сулҳу субот, амнияту пешрафт ва аз ҳама муҳимаш посдорию рушди фарҳанги тоҷикӣ дар дохилу хориҷи Тоҷикистон ва густариши равобити иқтисодию фарҳангии 3 кишвари форсизабон.
Ва коҳиши муҳоҷирати тоҷикон ба Русия.
Бо эҳтиром
Ҷамшед
--------------------------------------
Салому алейкум.
Бигзор соли 2006 соли хушбахтӣ бошад ва мехоҳам, дар ҳама кунҷу канори Душанбеи азизам чароғи хонаи ҳамаи тоҷикон рӯшан бошад, яъне дар ҳақиқат ҳам мехоҳам, ки ба ҳама нирӯи барқ диҳанд.
Ман дар Қоҳира ҳамчун хизматрасони Ватани азизамон барои хизмати Ватан хонда истодаам ва аз худои бузургвор таманнои онро дорам, ки мардуми Тоҷикистонро сарбаланд гардонад ва мехоҳам, мардуми мо дар Русия неву дар кишвари худашон кору зиндагӣ кунанд ва ҳеҷ вақт аз хонадони худ ҷудо набошанд, омин...
Агар ягон кас аз коркунони радиои Озодӣ хатти маро мехонад ба ҳамкорашон Зарангези Наврӯзшоҳ саломи маро расонад ва бигзор агар имконияташ бошад ба ман нома нависад...
Бо эҳтиром
Абдули Шарифӣ
аз шаҳри Қоҳира, Миср

--------------------------------------
Дарвоқеъ бар он боварам ки он чӣ моро ба мақсад мерасонад кӯшишу ғайрат аст на умеду орзу. Лек ин ҷо орзуву омоли неки дӯстонро дидаму банда низ хостам, орзуҳои худро ба "Ҳавзи орзуҳои Родиёи Озодӣ" навишта партоям. Охир имсол соли вафодорист ва шояд тақдир низ ба орзуҳои ман вафодор монад. Барфи аввал рӯзи аввали имсол ин фикри маро тақвият бахшид ба набзае.
Орзу дорам Тоҷикистони 15-сола ва мардуми он дар соли 2006, ки ҳамчун соли бузургдошти таммаддуни ориёӣ эълон шудааст, ба дарки худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мерасанд. Мафкураи "море, ки ба ман нарасад, сад сол зияд" ё «фулонист мухотаб, на манам»-ро як тараф гузошта, ҳаққу хуқуқи худро ҳимоя карданро пеша кунад. Орзу дорам вазъи мактабу маориф ва насли наврас рӯ ба беҳбудӣ ниҳанд. Агар якчанд соли дигар ҳамин вазъ давом кунад намедонам ояндаи миллати мо чӣ мешуда бошад? Гузашта аз ин ба тоҷикистониён вафодорӣ нисбати ҳамдигар, меҳру муҳаббат ва сафедиҳои барфи аввалро таманно дорам.
Дар ин сол аз телевизион хабарҳои "дар Ироқ имрӯз камаш 10 кас кушта ва 15 нафар захмӣ шуд" ё "нирӯҳои ҳавоии ИМА маҳаллае дар шарқи Эрон/Сурия бомбаборон карданд." ё худ "дар натиҷаи обхезӣ/заминларза/тӯфон... андҳо нафар бехонаву ҷой монд"-ро шунидан намехоҳам. Бигзор мансуби дин ва мазҳаби мухталиф хусумати байниҳамдигариро як тараф гузошта, дар сари як дастархон ба ҳам оянд. Орзу мекунам дастаи мунтахаби Эрон ва ИМА-ро дар бозии ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон дар Олмон бинам, ки пеш аз бозӣ дасти ҳамдигарро фишоранд.
Барои наздикон, ёру рафиқон пеш аз ҳама саломатӣ ва бурдбориҳои беназирро орзумандам. Бигзор Худованд ҳеч яке аз онҳоро имсол аз ман ҷудо насозад. Ҳамеша бо ҳам бошем.
Худоё, барои худ бошад чизе намехоҳам, танҳо ҳамин ки ба модарам як арӯси сарвқад, лоларух, турфанигоре насиб гардон!!!!!
Бо эҳтиром ва умедҳои нек
Умеди Мирзо
-----------------------------------------
Дар ин соли нав орзуҳои бисёр дорам. Худовандо, соли 2006 тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро баланд ва қашшоқиву гуруснагӣ ва бекориро дафъ намо. Орзуи аввалини ин аст, ки ободиву хушбахтиро дар байни мардуми шарифи Тоҷикистон пойдор кунад. Орзуи дигари ман ин аст, ки насли ояндаи Тоҷикистон бошууру донишманди ҳақиқӣ гардаду обрӯи Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон баланд бардорад. Илова бар ин, илоҳо варзиши Тоҷикистон, алалхусус, футболи Тоҷикистон пеш равад. Хулоса орзу дорам ва, иншооллоҳ, аз Парвардагор боварӣ дорам, ки дар оянда Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешрафтаи дунё мегардад.
Орзуҳо дар бораи худам бошад... Ман дар хориҷа таҳсил мекунам ва мехоҳам бо дараҷоти олӣ хатм карда таҳсилро дар ИМА идома диҳам. Баъди хатми таҳсил баргашта ба Тоҷикистони ҷону ҷигарам хизмат кунам ва падару модарамро нигоҳубин кунам. Ин танҳо орзуи шахсии ман аст. Илоҳо, дар тамоми ҷаҳон тинҷиву оромӣ барқарор гардад ва Тоҷикистони мо ба ҷаннати рӯи замин мубаддал шавад.
Бо эҳтиром,
Ҷовидон
----------------------------------
Орзу дорам, ки соли 2006 - соли дӯстӣ ва ҳамбастагии форсигӯён, соли ором ва ҳамроҳ бо рушди иқтисодӣ барои Тоҷикистон бошад. Умедворам, мақомоти Тоҷикистон дар ин сол ба умури фарҳанг ва маориф беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Орзу дорам ҳамаи муҳоҷирони кории мо аз таҳқирҳо ва сардиҳои Русия наҷот ёбанд ва дар ҳалқаи гарми хонаводаҳояшон дар хонаи умед - Тоҷикистон кору зиндагӣ кунанд. Иншооллоҳ! Бигзор скинҳедҳо нобуд шаванду Хуршедаҳои маъсуму ширини мо парпар нашаванд.
Орзу дорам соли 2006 ба тоҷикистониён гушзад кунад, ки аз замони қабули Қонуни забони тоҷикӣ 16 сол гузаштааст!!!
Барои худ ва хонаводаам, барои кормандони заҳматкаши Родиёи Озодӣ, мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамзабонон соли саршор аз хубиҳо ва муҳаббатро таманно дорам!
Бо сипос
Юсуфи Қубодиёнӣ
_______________________
Сарбаландӣ гар бихоҳӣ бо ҳама якранг бош,
Қолин аз серрангии худ зери по афтодааст
.
Нахустин хоҳиш ва илтиҷои ман аз Худованди оламиён ин аст, ки дар соли саг зиндагии сагонаро аз мо бибарад. Сониян таманно дорам, ки дар ин сол тавонем барои рушд ва густариши миллияти худ ҷаҳд кунем, зеро таърихи башарӣ кайҳо исбот кардааст, ки фақат аз ғалбери таърих орди ҳақиқат безида мешаваду халос. Дар ҳамин замина соли 2006, ки соли тамаддуни ориёӣ эълон шудааст, бигзор на соли таърифҳои ҳукумат ва чоплусӣ, балки соли воқеии шинохти арзишҳо ва асолати миллӣ бошад. Мутмаинам, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар моҳи тақдирсози 2006 -- моҳи ноябр ақлу ҳуши тоҷиконаро ба кор мебарад.
Бо шоистатарин таманниёт,
Иршоди Интиқод
--------------------------------------
Орзуи ман иттифоқ, ваҳдати миллӣ ва, аз ҳама асосиаш, сулҳ аст. Ҳамчунин гумон мекунам, ки имсол бароям мушарраф мегардад, ки бо дӯстони гиромиам Носирҷон, Соҳибёр, Аслам, Умаралӣ, ва, албатта, бо устодон Сафват Бурҳонов, Хуршеди Атовулло, Зафари Абдулло вомехурам. Ин аст орзуи ман дар соли 2006. Ман барои тоҷикистониён пеш аз ҳама хонаободӣ, сарбаландӣ, саломатӣ ва рӯзгори осуда таманно мекунам. Бигзор дар кишвари мо оромию тинҷӣ ҳамеша ҳукмфармо бошад ва абадӣ боқӣ бимонад.
Орзу мекунам, соли нав барои қаламкашони тоҷик неруи тоза ва ҷасорати нав ато фаромояд.
Бо эҳтиром,
Алишер, Хуҷанд
___________________
Ман орзу дорам дар соли нав мо ифтихору шиорзаниҳои дурӯғро бас кунем. Соли тамаддуни ориёӣ ба мо чӣ медиҳад? Ин як дурӯғи нави ҳукумати мост, ки ҷашну тантана барпо кунад -- боз рақсу бозӣ, то ин ки мо мушкилҳои худро фаромӯш намуда, фикр кунем чӣ қадар раҳбарони ғамхори миллат дорем. Яъне орзуи ман ин аст, ки ҳамаи мо, раҳбарони мо ва ҳар кадоми мо дурӯғгӯиро бас кунем. Дурӯғгӯ одами дурӯғгин аст, яъне ҳеч аст. Агар мо мехоҳем ки ҳеч набошем, бояд дурӯғбозиро бас кунем. Дар ҳар куҷо ва дар ҳар чиз ва дар ҳар кор ва бо ҳама, пеш аз ҳама бо худамон?
Узр агар нобаҷо ё баозор гуфта бошам.
Ашӯр Назарзода
--------------------------------------
Салом, родиёи Озодӣ!!!
Ташаккур барои чунин имконият!
Бигзор соли 2006 соли муҳаббати ману Исматулло бошад! Дӯстдоштаи ман Исматулло, ки имрӯзҳо дар Душанбе таҳсил мекунад, бигзор сарбаланд бошад ва маро фаромӯш накунад!
Нигина, аз шаҳри Панҷакент
----------------------------------------
Орзу дорам, дар соли 2006 ба Чин равам ва таҳсилро дар он ҷо давом диҳам.
Муносибати иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Хитой боз ҳам тақвият ёбад ва бигзор дар соли 2006 рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Хитой ва рӯзҳои фарҳангии Хитой дар Тоҷикистон гузаронида шавад, то мо дар он саҳмгузор бошем.
Анвар Сангинов
донишҷӯи курси 1-и факултаи забони хитойии Донишкадаи забонҳо

-----------------------------------------
ИЛОҲО БИШКАНАД ФАБРИКАИ ПУЛ!!!
Орзуи ман дар оғози соли нав ин аст, ки дар ин сол китоби нахустинамро ки дӯстам Каюмарси Ато "Як коса ғами дил" унвон додааст ва дӯстам Носирҷони Маъмурзода ваъда додааст, ки сарпарастиашро ба дӯш мегирад, ба дасти чоп диҳам. Имсол ки аз рӯйи солшумории мучал соли саг аст ва табиист, ки саг ҷонвари вафодор аст, орзуманди онам, ки мо ба якдигар вафодор бошем. Интихоботи 2006 бе ғурбату бе кашокаши бефоида ҷамъбаст гардида, номзади сазовору арзанда ва ғамхору додраси халқ пирӯз шавад. Агар гӯям, ки ҳамаи муҳоҷирони тоҷик ба Ватан баргарданд, шояд аз тахайюл беш набошад , аммо "Худо ба скинҳедҳои рус инсоф диҳад!" гӯям, бовар дорам, ки беҳтарин тақозо аст...
Бигзор дар соли 2006 дигар ҳамсолони ман аз ҷониби калонсолон мавриди накӯҳиши шадид, ки аз таҳқир беш нест, қарор нагиранд. Бигзор дар ин сол калонсолон дарк кунанд,ки ана ҳамин ҷавононе, ки онҳо "бадахлоқу бемаданияту бесавод" гӯён ҳар дам таҳқир мекунанд, худашон порахӯрӣ омӯхтанд, худашон ба мактаби олӣ дидаву дониста кабул карданд ва худашон дар рӯҳияи коррупсия тарбия мекунанду боз таъна мезананд...
Орзу дорам, ки дар соли 2006...
Орзу дорам, ки дар соли 2006...
Орзу дорам, ки дар соли 2006...
Аммо панди дӯстам Каюмарс ба хотирам меояд, ки мегӯяд; "Аз паси орзу мадав, ки мисли ман бадбахт мешавӣ!"
Орзу доррам, ки дар соли 2006 дустам Каюмарс хушбахт шавад!!!
Ва дигар;
Илоҳо бишканад фабрикаи пул,
Ки ин қалби маро мақбул бигардад!
Бисузанд сейфҳои бонки миллӣ,
Ки дар бозор чиз бепул бигардад!
Боқӣ, ба ходимони родиёи Озодӣ
танҳо ва танҳо озодиро таманно дорам!!!
Дуогӯи Шумо- Соҳибёри ТОЛИБ
----------------------------------------
Бо салом ва арзи сипоси бепоён ба кормандони родиёи "Озодӣ".
Ман орзу ва умед дорам, ки дар ин соли бовафо тоҷикон ҷашни тамаддуни ориёии худро ба оламиён дуруст муаррифӣ хоханд кард. Гумон мекунам, ки бори дигар мо бояд худро ҳамчун миллати тоҷдор муаррифӣ намоем.
Хоҳони онам, ки интихоботи раисҷумхурӣ ба таври шаффофу озод барпо шавад.
Бо эҳтиром
Алишер
---------------------------------------
БАЧА ДАР САФАР, НОМАШ МУЗАФФАР!
Дар ин сол орзу мекунам, то Тоҷикистон ва мардумони ин кишвар подшоҳ (Президент) - и арзандаи худро муваффақона интихоб кунанд. Бигзор, дар ин сол ҷанги сарди тамаддун ва дину мазҳабҳо хотима ёфта, одамони ҷаҳон ба хулосае оянд, ки бояд ба Худованди яккаву ягона такя кунем. Ҳамчунин, Худо кунад, ки дар ин сол Амрико ва Исроил ба хоки куҳан ва таърихии Эрон ҳуҷум нанамоянд. Орзу мекунам, то хонаводаи мо ҳам, дар радифи дигар мардумони боимони сайёра ҳамеша солимақлу соҳибандеша бошанд. Дигар падари панҷоҳсолаи ман ҳам барои хотири дарёфти қути лоямут ба кишвари Русия, барои мардикорӣ наравад! (Ин орзуи ман ба ҳамаи хонаводаҳои мардуми тоҷик дахл дорад!). Орзу мекунам, то дӯстони ҷавонам ҳамеша хонанд, забон омӯзанд, аз сиёсат нагурезанд. Соли 2006, фикр мекунам, соли тараддуд ва ташвишҳост. Дар ин сол ман орзуи онро дорам, ки барои худам ҷойи кори хуб дарёб намоям. Иншооллоҳ, ин орзуи ман дар соли 2006 амалӣ мешавад. Ҳамчунин, орзу дорам, то Иттиҳодияи ҷавонони худшиносро, ки дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он ҳастанд, ташкил намоям, то тавонем аз забону таърихи миллати худ ҳимоя карда бошем. Агар не, пас аз гузашти чанд соле мо тамоман фаромӯш мекунем, ки аз куҷо будем ва чӣ мақсадҳо доштем. Чунки алҳол мардуми Тоҷикистон, хоса, ҷавононаш дар тангнои фарҳанги Ғарб ва Шарқ раҳгум задаанд. Соли 2006, ки ҳамчун соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон шудааст, имкон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик дигарбора аз ориёӣ будани худ ифтихор кунанд. Имсол соли бобарор хоҳад буд, чунки аз ҳоло ман худамро хушбахт ва хушвақт эҳсос мекунам. Дигар солҳо ин эҳсос дар ман набуд. Дигар, дуо ин аст:
ХАМЕША ТОҶИК БОШЕД!!!
Бо арзи эҳтиром ба кормандони родиёи "Озодӣ", ки ҳамин имконияти гуфтанро ба мо додаанд,
Каюмарс
XS
SM
MD
LG