Пайвандҳои дастрасӣ

Барфи аввал дар Душанбе


Соли Нави 2006 ба шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон барфи нахустин ва барои бори аввал сардии зери дараҷаи сифрро ҳадя овард. Бо гузашти як моҳи зимистон, танҳо шаби дуюми январ дар Душанбе барфи нахуст борид. Ҳаво дар пойтахт шабона шаш дараҷа ва субҳ ду дараҷа сард буд. Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ба саҳифаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол аст, кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то миёнаҳои ҳафта сафедпӯш боқӣ бимонад ва ҳаво шабҳо -6 - 8 ва рӯзона - 0 - 2 дараҷа хунук бошад.
XS
SM
MD
LG