Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саноати Тоҷикистон дар соли 2005


Абдурауф Ҷӯраев, раиси дафтари матбуоти вазорати саноат мегӯяд, 21 корхонаи саноатии тобеи ин вазорат дар соли ҷорӣ бо кишварҳои хориҷӣ мубодилаи мол кардааст ва он ба 80 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст. 50 дар сади маводи содиротӣ аз маҳсулоти саноати сабук, 30 фисад аз саноати маъдани кӯҳӣ ва 13 дар сад аз саноати кимиё иборат аст. Ва аммо аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ қисмҳои эҳтиётии нақлиёт, фанноварӣ, ашё ва таъиноти истеҳсолӣ ворид шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳайдар Холов, масъули бахши молия ва иқтисоди вазорати саноат мегӯяд, ин нишондиҳандаҳоро намешавад ҳамчун дастоварди муҳимми вазорат арзёбӣ кард, зеро мушкилоти ҳалталаби соҳа ҳанӯз зиёд аст. Оқои Холов ташкили коргоҳҳои нави саноатӣ дар кишварро аз комёбиҳои асосии масъулони соҳа номид ва гуфт, ба ин васила теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби ҷойи кори доимӣ шудаанд:

«Дар соли 2005 корхонаҳои «Зари Кӯлоб» дар шаҳри Кӯлоб, «Оби Наврӯша»-и Кӯлоб барои истеҳсоли хишт ва ҶММ «Ангара»-и ноҳияи Данғара барои истеҳсоли гаҷи сохтмонӣ, «Ҷунда» барои коркарди пораву партови металлҳои сиёҳу ранга ташкил карда шудаанд, ки дар ин корхонаҳо феълан беш аз 500 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Бо ба иқтидори пурра ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо шумораи ҷойҳои корӣ беш аз ҳазор мешавад. Дар соли сипаришуда инчунин якчанд корхонаи азими саноатӣ ба монанди «Каттон» дар шаҳри Хуҷанд, «Гулистон» дар шаҳри Душанбе, «Нуртекс-Ришта» дар вилояти Суғд ва «Истеко Текстайлз» дар вилояти Хатлон ба кор даромада, беш аз 1500 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд.»

Ҳамакнун, вазорати саноат лоиҳаи барномаи коркарди алюминиум дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасвиб ба ҳукумати кишвар ирсол кардааст. Бо татбиқи ин лоиҳа Тоҷикистон аз як кишвари содиркунандаи маводи хоми алюминиум ба содиркунандаи маҳсулоти тайёри алюминиум табдил хоҳад ёфт. Ба ҷуз ин, як барномаи дигари давлатӣ оид ба рушди саноати сабук дар солҳои 2006-2015 таҳия ва қабул шудааст.

Феълан дар Тоҷикистон 614 корхонаи саноатӣ фаъол аст, ки аз он миён 126 муассиса марбут ба вазорати саноат аст. Аммо ҳамагӣ 90 дар сади ин корхонаҳо бо 50 фисади иқтидорашон кор мекунанд. Соли ҷорӣ шаш муассисаи дӯзандагӣ дубора фаъол шуда ва ҳамакнун се корхонаи саноатӣ дар садади барқароршавист.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин назаранд, ки агар сармоягузорӣ ба корхонаҳои саноатӣ афзун нагардад, беҳбуд бахшидан ба вазъи ин соҳа мушкил хоҳад буд. Ба иддаои онҳо, дар ҳоли ҳозир бо вуҷуди мусоид будани заминаҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, ҳаҷми сармояи хориҷӣ ба саноати ин кишвар кифоят намекунад. Камол Саидов, хабарнигори тоҷик, ки дар навиштаҳояш масоили иқтисодиро бештар дунбол мегирад, дар ин робита мегӯяд:

«Дар Тоҷикистон заминаҳои мусоиди сармоягузорӣ ба соҳаи саноат фароҳам оварда шудааст ва ин пеш аз ҳама мавҷуд будани ашёи хоми маҳаллӣ. Дуюм, заминаҳои ҳуқуқии фаъолият дар Тоҷикистон, яъне қонун дар бораи сармоягузорони хориҷӣ ва имтиёзҳое, ки ба онҳо дода шудааст. Қаблан дар Тоҷикистон як қарори ҳукумат қабул шуда буд дар бораи ба Тоҷикистон ворид кардани танҳо 50 номгӯи таҷҳизоти технологӣ ва дастгоҳҳо ва ин қарор фаъолияти соҳаро як қадар маҳдуд мекард. Хушбахтона, ҳукумати Тоҷикистон саривақт ба андешаи дуруст омада, бо назардошти зарурияти воридоти ҳарчи бештари таҷҳизоти технологияи муосир ба Тоҷикистон ин қарорро бекор кард ва айни замон барои воридоти технологияи муосир дар Тоҷикистон шароити мусоидтаре фароҳам оварда шуд. Ва дигар заминае, ки барои ҷалби сармоя мусоидат карда метавонад, ин мавҷудияти захираҳои меҳнатӣ ва дараҷаи тахассуси онҳо мебошад. Аксар мутахассисоне, ки қаблан дар корхонаҳои саноатӣ кор мекарданд ва имрӯз рӯ ба бозор овардаанд, онҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва мумкин аст, ки ин мутахассисон боз ба ҷойҳои кори худ баргардонида шаванд.»

Масъулини вазорати саноат низ аз дурнамои рушди саноат хушбин ҳастанд. Ҳайдар Холов, масъули бахши молия ва иқтисоди вазорати саноат мегӯяд:

«Ба ақидаи мо, дар соли 2006 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар миқёси Тоҷикистон тақрибан ҳашт дар сад афзоиш меёбад. Дар корхонаҳои марбути вазорати саноат бошад, дар соли оянда ин рақам на камтар аз 15 фисадро бояд ташкил диҳад.»

Соли равон ба корхонаҳои саноатии Тоҷикистон беш аз 15 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб шудааст. Феълан, дар муассисаҳои саноатии ин кишвар беш аз 30 ҳазор нафар фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG