Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падруд, 2005! Хуш омадӣ, 2006!


Коргардон ва муҷрии барнома Салими Аюбзод Бо вуҷуди арҷи бузург ба Наврӯзи оламафрӯз расидани Соли нави милодиро ба ҳамаи шумо табрик мегӯям ва орзу мекунам, ҳамаи нобарорию нокомӣ ва ғаму дард дар соли 2005 монаду соли 2006 ба шумо бахту иқбол ва оғози нек орад. Пеш аз оғози нав нигоҳе ба соли рафта афкандем, то лаҳзаҳои хотирнишинро ба ёд орем.

МАВЗӮЪ ВА МАСЪАЛАҲО

Сабки академӣ бо он хуб аст, ки мисли китоби муҳосиб ҳама чиро кӯтоҳ якҷо гирд меорад. Аммо киро дидаед, ки китобу пур аз арқому ададро бо шавқ мутолиа карда бошад.
Дигар ин ки яке аз шунавандагони мо, барномаи Ҳамнафасро барномаи тафреҳӣ номид, ки на танқид, балки таъриф аст, зеро агар ин барномаро шавад бо фараҳу фароғат шунид, пас меҳнати ҳамкорони ман беҳуда набудааст.
Вале имрӯз ба китоби ба истилоҳ бухгалтерияи Ҳамнафас менигаристам ва фикр кардам, агар аз ин нигоҳ ва ё аниқтараш аз гӯши ин шунаванда, номгӯи барномаро шунавем, чи садо хоҳад дод.
Инак, Ҳамнафас дар соли 2005 бо танзаш:

- Захми табар ва захми сухан - ҳарду баданд.
- Таъомҳои миллии тоҷикӣ - Қурутов ва палав
- Марзҳои сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон - дуюмӣ ҳам минаҳои худро дорад.
- Нақши зан дар Шарқ ва Ғарб - Шоҳнома ва Шекспир
- Коршиносӣ ва ношоямӣ - шумо дар ҷои худ тасодуфӣ ҳастед ё арзанда?
- Ҷангалҳои Тоҷикистон -- каманд, вале зебо, аммо беҳимоят.
- Интихобот чист? - фиреби қонунӣ.
- Зеботарин шаҳри ҷаҳон -- гуфтанд Венетсия, аммо барои мо Душанбе.
- Истироҳат - чизе шабеҳи кӯҳи Қоф, ҳама қисса мекунанд, аммо худаш нест.
- Шумо ба кӣ бовар доред? - No comments
- Инқилоб хушбахтист ё бадбахтӣ? - Бастагӣ дорад ба ранги он.
- Худшиносии миллӣ ва динӣ - Роҳ муҳим нест, роҳ гаштан муҳим аст.
- Худкушӣ - вақте худро намешиносанд.
- Падарсолорӣ - афзоиши харҷи телефон аз Русия ба Тоҷикистон.
- Оё зан ҳам президент мешавад? - Оре, агар насабаш Назарбоева бошад.
- Шева ё забони адабӣ - худам мегӯям ва фақат худам мефаҳмам.
- Тарбияи фарзанд бо дашном, задан ва пучидан - Бе пучидан ҳам мешавад.
- Инсон ва инсоф - Сеюмашро намегӯед, ки бозор аст.
- Ормони шумо чист? - Як пиёла чой.
- Таҳсил дар хориҷа - Хуб аст. Агар 25 сол давом кунад.

ДУРАХШИ ГУЗОРИШҲО

Ҳамаи гузоришҳои ҳамкорони Ҳамнафас олиҷаноб буданд, вагарана пахш намешуданд. Ва ҳоло интихоби як ё ду гузориш барои барномаи ҷамъбастӣ, боввввар кунед, кори бисёру бисёр сахт аст. Шумо, ҳанафасони арҷманд аз Раҳматкарими Давлат, Латифи Латифӣ, Абдураҳими Умарзод, Файзи Мирҳасан ва Мирасрори Фарғонӣ барои гузоришҳои шавқангезашон борҳо ташаккур кардаед.
Бе ягон коғазу дафтар ба ёд меорем, гузоришҳоеро дар бораи баҳси ҳуввияти миллӣ ва динӣ, ресторанҳои тоҷикӣ дар Ню Йорк, рақсу бозӣ дар дискотекаи шаҳри Душанбе ё мусоҳиба бо як бонуи тоҷик, ки кӯшиши худкушӣ кардааст, сарнавишти дарвеши Душанбе, вазъи рақси миллии тоҷикӣ, гузориш аз сари мазор ва боз гузоришҳои зиёде ба ёд мерасанд, ки ҳар кадом мисли муҷассамае дар дунёи ҳамнафасон қомат кашидаанд.
Дар як барнома мо вазъи аскарбачаҳои тоҷикро баррасӣ кардем, бо онҳо ва фармондеҳоншон сӯҳбат доштем ва ҳамчунин бо модарони онҳо, ки дар ин рӯзи ид писарони азизашон дар сари дастархон нестанд ва дили модарон ба фарзандонашон доғ аст.
Бо табрики соли нав ба ҳамаи модарон ва ҳамаи аскарбачаҳо ин гузоришро бори дигар дар барномаи охири сол бо ҳам мешунавем. Онро ҳамнафаси мо Нилуфари Собир дар сӯҳбат бо модари панҷ сарбоз, ки дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон хизмат мекунанд, таҳия кардааст.

ЗАНГИ ТЕЛЕФОН

Ёдовар мешавам, ки дар гӯшаи занги телефон шуморо бо шахсони гуногун шинос кардем. Ҳар кадоми онҳо шахсияти наҷиб ва чеҳраи хоси худро дошт.
Ба монанди устоди донишгоҳи Мирннии Русия Муҳаммадраҳим Гадоев, устоди Донишгоҳи шаҳри Бамберги Олмон Соҳибназар Ғайратшоев, соҳибкори тоҷик дар Дубай ва Бобои Умарбекзод, тоҷике дар Белгия.
Дар соли нав низ телефони мо, умедворем, зангҳои шуморо интизор хоҳад буд ва ҳар кас хоҳиш дошта бошад, ба мо хабар диҳад, ӯро ба гӯшаи Занги телефон даъват хоҳем кард.

СОЛИ НАВ МУБОРАК БОДО!

Дар соли 2006 ба ҳамаи ҳамнафасон тамоми хушиҳои оламро орзу мекунем, вале маълум аст, ки иҷрои ин орзу хеле сахт мебошад. Пас ба онҳо хушиҳоеро орзу мекунем, ки арзанда ба заҳматҳояшон бошанд, зеро ба худи мо бастагӣ дорад, оё бо некию покӣ хушию хушбахтӣ ба даст меорем ва ё ба аъмоли нохуб бадию бадбахтӣ.
Аз мо бошад, дар соли нав низ кӯшиш мекунем, ҳамнафаси хуби шумо, шарики шодию ғами шумо бошем.
То соли дигар, худо нигаҳдор!
XS
SM
MD
LG