Пайвандҳои дастрасӣ

Фишори баланди газ дар равобити Русия ва Украина


Ҷамъияти саҳҳомии "Газпром", ки аз тарафи давлати Русия назорат мешавад, солона 550 миллиард метри мукааб газ истихроҷ карда, аз панҷ як ҳиссаи гази Аврупо ва ҳафт дарсади даромади миллии Русияро таъмин менамояд.
Ҳамчун силоҳи дипломатӣ Маскав ҳоло газро ба муқобили он кишварҳои шӯравии собиқ истифода мекунад, ки пушти худро ба Русия гардондаанд ва яке аз онҳо Украина мебошад. Президенти Украина Виктор Юшченко ғарбгарост ва бо инқилоби норанҷӣ сари кор омад ва номзаде набуд, ки президенти Русия дар сафарҳояш ба Украина аз ӯ пуштибонӣ карда бошад ва ё бо шитобзадагӣ ӯро табрик намуда. Талаби Русия ин аст, ки нархи газро барои Украина аз 50 доллари феълӣ ба 230 доллар барои як ҳазор метри мукааб расонад. Маскав мегӯяд, дар тиҷорати газ бояд ба нархҳои ҷаҳонӣ гузашт, вале худ рӯзи панҷшанбе, Туркманистонро маҷбур кард, бо нархи 65-долларӣ бар ҳар ҳазори метри мукааб созишнома имзо кунад. Дар ҳамин ҳол узви Шӯрои мудирони Газпром Борис Фёдоров мегӯяд, ҳеҷ кишвар ё ширкат дар ҷаҳон молеро се баробар арзон аз нархаш намефурӯшад: "Ба ман ягон ширкати амрикоӣ ё олмонӣ ё ҳар ширкати дигареро нишон диҳед, ки моли худро ин қадар арзон бидиҳад. Нест ин гуна ширкат. Ягон кишвари ҷаҳон чунин намекунад ва Русия ҳам набояд чунин кунад."
Намояндаи Русия Туркманистонро ҳамчун як кишвари ҷаҳон ба ҳисоб нагирифт. Аммо Украина мухолифи афзоиши нархи газ набуда, мегӯяд, бояд ин тағйир на якбора, балки тадриҷан ба амал ояд. Маълум аст, ки дар акси ҳол мушкилоти инержии Украина ба ҳама риштаҳои он таъсир карда, сарнавишти сиёсии президент Юшченкоро таҳти суол қарор хоҳад дод.
Маскав фишори худро идома медиҳад ва далели дигари сиёсӣ будани масъала ин аст, ки нархи газ барои Беларус дар соли нав бетағйир, дар сатҳи 47 доллар боқӣ мемонад, аммо баъд аз Украина, эҳтимол меравад, ки Газпром Гурҷистонро ҳадафи ҳамлаи газии худ қарор диҳад.
Ба ақидаи таҳлилгари радиои Озодӣ Ян Максимюк, Русия дар оянда низ фишангҳои иқтисодиро дар баробари кишварҳои гапнодарои шӯравии собиқ истифода хоҳад бурд. Ба ақидаи ӯ, намунаи Украина ҳушдорест ба кишварҳое ки бо Русия робитаҳои густардаи иқтисодӣ доранд ва ё хостори сармоягузориҳои васеи Русия дар иқтисодиёти худ мебошанд.
XS
SM
MD
LG