Пайвандҳои дастрасӣ

Театри ба номи Лоҳутӣ: "Соли нав мууурак бошаде!"


Матнро Сайёфи Мизроб омода кард Табрикоти cолинавии ҳунармандони театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе ба ҳамкорон, ҳамватанон ва мухлисини театри марказии ҷумҳуриявии Тоҷикистон:

И cуни саҳна шуд обод,
У cуни саҳна шуд обод,
Лекин худи саҳнамон
Ҷазирбоду ҷазирбод!
Соли Нав мууурак бошаде!

И cуни саҳна гулкорӣ
У cуни саҳна гулкорӣ
Театра соз карданду
Камбудихош сарборӣ
Соли нав мууурак бошаде!

И cуни саҳнанда маҳтоб
У cуни саҳнанда маҳтоб
Абри сияҳ дар Варзоб
Подвалмон пур-пури об!
Соли нав мууурак бошаде!

И cуни саҳна гирдгардон
У cуни саҳна гирдгардон
Бо ҷадал кор сар кардем
«Подводит» кард чароғмон!
Соли нав мууурак бошаде!

И cуни саҳнанда соя
У cуни саҳнанда соя
Кошки баҳри тамошо
Тамошобин биёя!
Соли нав муууурак бошаде!

Чакра чакидан гирад
Зулфо хамидан гирад
Ба рӯи санъаткорон
Сурхи дамидан гирад

10 сол гузашт аз миён
Саҳна ҳамон, гап ҳамон
Инро вале Вазорат
Асло надидан гирад!

Кӯдак будем шудем пир
Мешавем нафақагир
Барои саҳнаи нав
Дилҳо тапидан гирад!

Бо шумо бандам гарав
Бо ду то донаи ҷав
Нашавад саҳнаи нав
Мухлис рамидан гирад!
Соли Нав муурак бошаде!!!
XS
SM
MD
LG