Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон чанд пул қарздор аст?


«Азия - Плюс» дар як матлаби иқтисодии худ буҷаи соли 2006-ро ба риштаи таҳлил кашидааст. Дар соли 2006, 48 дар сади буҷа баробар ба 770 миллион сомонӣ барои бахши иҷтимоиёт ҷудо шудааст. Тибқи навишта, дар соли нав маблағгузории варзиш ва фарҳанг қариб 40 % афзоиш меёбад. Масрафоти буҷа барои соҳоти беҳдоштӣ ва маориф низ афзудааст. Дар буҷаи 2006 бозгардони тақрибан 150 миллион сомонӣ қарзи беруна дар назар аст. Дар айни ҳол, қарзи берунаи Тоҷикистон 780 миллион $ будааст.

«Вечерний Душанбе» бо Ҷӯрабек Нурмаҳмадов, вазири энержии Тоҷикистон сӯҳбате нашр кардааст. Вазири энержӣ гуфтааст, барои зимистон ба қадри кофӣ ангишт захира шудааст, вале аҳолӣ ангишт намехарад. Ҷӯрабек Нурмаҳмадов гуфтааст, бо бунёди нерӯгоҳҳо Тоҷикистон метавонад нерӯи барқи худро ба Афғонистону Покистону Ирону Русияву ҷамоҳири Осиёи Марказӣ бифурӯшад.

«Азия - Плюс» дар матлабе дар мавриди нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1»навиштааст, иқтидори он пас аз анҷоми сохтмон то ба тақрибан 3 миллиард киловатт соат мерасад ва фурӯши барқро ба хориҷи кишвар имконпазир месозад. Маблағи умумии тарҳи бунёди ин нерӯгоҳ тақрибан 600 миллион $ будааст.

«Бизнес и Политика» ҷавобияи Мирзо Анваров, раиси ширкати давлатии ҳавоии Тоҷикистонро ба номаи созмонҳои байналмилалу сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ чоп кардааст. Дар ин ҷавобия иттиҳомоте аз қабили мушкили сунъии дастрас кардани чипта рад шуда ва навишта шудааст, дар назар аст, барои дипломатҳо нуқтаи махсуси фурӯш, VIP-Service боз бишавад. Дар навишта омадааст, бо маблағи 7,5 миллион $ Бонки аврупоии рушд ва таҷдид таъмири фаннии фурӯдгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд ба анҷом мерасад.

Мавзӯъи вазъи воқеъии тарҳҳое, ки аз ҷониби ниҳодҳои молии байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад, дар ҷаласаи ахири ҳукумати Тоҷикистон бо раёсати президент Эмомалӣ Раҳмонов баррасӣ шудааст. Ношири гузориш аз ин ҷаласа, «Народная Газета» навиштааст, ҳамакнун низоми нави ҷалби сармоя ба буҷа ба роҳ андохта шудааст ва маболиғ ба таври мустақим ба буҷа ворид мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии ин кор шаффофият дар масрафи маблағ будааст.
XS
SM
MD
LG