Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нав як сония ба таъхир меафтад.


Ба дақиқаи иборат аз 61 сония омода шавед.
Пажӯҳишгоҳи миллии стандарт ва технологияҳои ИМА навиштааст, ки барои аввалин бор дар ҳафт соли ахир донишмандон вуруди соли 2006-умро як сония ба таъхир мегузоранд. Ба қавли онҳо таъхир барои танзими назорати гардиши Замин зарур мебошад, ки он ҳам аз иловаи як сония ба соатҳои атомии саросари олам иборат аст. Ин сония дар нимашаби 31 декабри 2005-ум ба вақти ҳамоҳангшудаи универсалӣ, яъне соати 5 субҳи 1 январи соли 2006-ум вақти Душанбе ҳамроҳ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG