Пайвандҳои дастрасӣ

Умед ба зиндагӣ


Аваз Раҷабови 21-сола дар ҷодаи ҳунар қадамҳои нахустини худро мегузорад. Ӯ муҳассили бахши ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аст ва ҳамзамон овозхонӣ мекунад.
Ӯ ба монанди бахши аъзами овозхонон аз хурдӣ дар боғчаву мактаб ва деҳааашон суруд нахондааст. Балки ӯро дарду ранҷ ва яъсу ноумедӣ эҷодкору овозхон кардаанд:

Суруд
Тараҳҳум кун, худовандо, тараҳҳум!
Масоз аз ҷони ширинам ту маҳрум.
Мазан бар решаи сабзам ту миқроз
Мабар зуд то ниҳоят, аз ман оғоз
Тараҳҳум кун, Худовандо!

-Баъзе оҳангҳоямро шаб дар хоб эҷод мекунам. Субҳ бедор мешаваму матни суруди дар хобам сароидаро фаромӯш мекунам, аммо оҳанг дар ёдам мемонад ва зуд онро сабт мекунам.


Чор сол қабл ӯ мубталои беморие шуд, ки аз гуфтани беморияш худдорӣ мекунад ва то ба имрӯз бисёри табибон аз табобати он оҷиз мондаанд. Аваз мегӯяд, барои табобати ӯ дар як моҳ то 2, 500 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ мешавад. Маблағи табобат ва шароити хуби зиндагиву таҳсилро барояш модараш фароҳам меоавардаст. Модари Аваз Раҷабмоҳ Муҳаммадалиева, баъди аз оила рафтани шавҳараш кӯшидааст, ки шурӯъ аз фурӯши коло дар бозор то ба аз хориҷа овардани молҳои гуногун ба кишвар, роҳи зиндагиашро пайдо кунад:

- Кӯшиш мекардам, ки фарзандонамро қонеъ карда тавонам. Барои ҳамин дар як корхона не, балки дар ду се корхонаи давлатӣ кор мекардам. Дидам, ки рӯзам нагузашт, зиндагӣ душвор буд, ҳамроҳи фарзандон хӯрокҳои гуногун таёр карда ба бозор мебаровардам. Баъд оҳиста оҳиста ба ворид кардани матоъ аз хориҷа ба бозори дохилӣ машғул шудам.

Раҷабмоҳ Муаҳаммадалиева мегӯяд, имрӯз барои дар ҷомиъа устувор ва соҳибмаълумот кардани фарзандон, волидонро мебояд заҳмати зиёд кашанд зеро ҳамаи ин маблағи ниҳоят зиёдро талаб мекунад:

-Барои ин ман аз саҳар то шом аз паси кор ҳастам.

Модар кӯшиш мекунад, ки Аваз забонҳои хориҷӣ ва кор дар компютерро биомӯзад ва бо ин муносибат барои ӯ муаллимони махсусро ба хона даъват кардааст.
Инҷо бо Аваз мусоҳиб мешавам, ки кадом забонҳоро меомӯзад ва онҳоро бо чӣ ҳадаф истифода хоҳад кард?:

-Ба ман муаллимони забонҳои англисӣ, туркӣ ва форсӣ дарс мегуянд. Ман мехоҳам ин забонҳоро омӯхта, ба ин забонҳо суруде сароям, ки аз маъниашон бархӯрдор шавам.

Аваз мегӯяд барои овозхон шудан ва ба қавле ситора гардидан нахуст то 5 000 доллар лозим будааст. Бо ин қадар маблағ ҳар касе хоҳад метавонситааст якчанд суруди дилчаспу ҷаззобро офарида, худро тариқи расонаҳои гурӯҳӣ тарғиб кунад:

-Агар маблағ ва истеъдод бошад суруд бо сифати баланд таҳия мешавад. Аммо агар пул бошаду истеъдод не он суруд бо сифати баланд омода шуда бошад, ҳам зуд аз хотир фаромуш мешавад.
Дар миёни овозхонон рақобати солим нест. Онҳо камтар ба овозхонони ҷавон кӯмак мекунанд.


Суруду мусиқӣ зиндагии Авазро комилан тағййр додаст ва ба ӯ бовар ва умед ба зиндагӣ бахшидаанд. Ӯ бовар дорад, ки ҳатман шифо меёбад ва дар рӯзҳои наздик барои мухлисони созу наво аввалин албомашро тақдим мекунад.
XS
SM
MD
LG