Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили 1 сония


Умри мо дар соли 2005 як сония дарозтар шудааст? Барои мардуми Шарқ на танҳо 1 сония, балки 1 рӯзу 2 рӯз низ чандон муҳим нестанд ва бо вуҷуди андарзи он ки "кори имрӯзаро ба фардо нагузор", мо одат дорем, вақтро чандон ҷиддӣ нагирем ва агар соати 5 моро даъват карданд, метавонем, соати 7 ба ҷои мулоқот ҳозир шавем.

Олимон ҳисоб карданд, ки охирин дақиқаи соли 2005 як сония зиёдтар давом хоҳад кард.
Ба ин тартиб нимишабии 31-уми декабр, соатҳои тамоми ҷаҳон як дафъа дувоздаҳу 59-у шастро нишон хоҳанд дод ва пас аз як сония соату дақиқаю сония сифр хоҳанд шуд. Бо ин роҳ фосилаи яксониягӣ, ки кам-кам дар давоми чандин сол ҷамъ шудааст, аз байн хоҳад рафт.
Аввалин бор ҷаҳиши яксониягӣ дар соли 1972 ба амал оварда шуд, то соат дақиқан бо гардиши замин ҳамзамон карда шавад. Аз он вақт то ҳоло олимон роҳҳои гуногуни синхронизасиюн ва ё ҳамзамонсозиро ба кор бурдаанд, то зарурати илова кардани 1 сония аз байн равад.
Барои бисёриҳо як сония арзише надорад, аммо кори мураттаби шабакаҳои мухобира, телекоммуникатсионӣ ё дурпайванд ва равандҳои фанноварӣ ба таъмини вақти комилан дақиқ вобастааст.
Масалан, гоҳе дар идора ё муассисае ба мо мегӯянд як сония сабр кунем, вале амалан чанд дақиқа вақт бар ҳадар меравад. Оҳ агар шумо аз хориҷа ба Тоҷикистон занг зада бошеду баъд аз посухи 1 сония сабр чанд дақиқа сукут, хашшухуш ё консерти телефониро шунавед...
XS
SM
MD
LG