Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав "Чигӯяк" нашр шуд


Маҷаллаи «Чигӯяк» бо теъдоди 3000 нусха, бо ду забон -- тоҷикиву русӣ дар шаҳри Маскави Русия нашр шуд ва бар тибқи иттилоъи масъулин бояд як китоби рӯимизии муҳассилини солҳои аввали макотиби Тоҷикистон гардад. Сарпараст ва маблағгузори маҷаллаи «Чигӯяк», Пажӯҳишгоҳи Авруосиё аст. Галина Назарова, раиси бунёди Пажӯҳишгоҳи Авруосиё дар Тоҷикистон гуфт, маҷаллаи мазбур барои фурӯш нест ва он ройгон дар миёни макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва кӯдакистонҳо паҳн мегардад.

Норӣ Ҳамроқулова, сардабири маҷаллаи тоҷикиву русӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ин нахустин маҷаллаи таълимист, ки дар он кроссвордҳои тоҷикӣ ва бозиҳои шавқбарангези зеҳнӣ барои атфол, шеъру таронаҳои мардумӣ, афсонаҳо ва сурт-чистонҳо нашр мегарданд:

«Мо дар ин маҷалла на танҳо асарҳои нависандагону клоссиконро чоп мекунем, балки инчунин маълумоти ҷуғрофиву таърихӣ дар бораи мамлакатҳо, қитъаҳо ва барои инкишофи ҷаҳонбинии кӯдакон бозиҳои зеҳниву воқеоти аҷибу ҷолибро нашр мекунем. Кроссвордҳо, шеърҳоро бо ду забон пешкаши кӯдак мекунем»

Ашъори адибони тоҷик - Наримон Бақозода, Азизи Азиз, Латофат Кенҷаева, Ҷӯра Ҳошимӣ ва шуарои шинохтаи рус Дружинина, Носов, Сергей Козлов дар саҳифаҳои «Чигӯяк» бо ду забон нашр мешавад. Маҷаллаи «Чигӯяк», бо сифати баланд, ранга, дар ҳаҷми 16 саҳифа ва бо кӯмаки молии хазинаи пажӯҳишгоҳи АвруОсиё дар матбааи «Стамп»-и шаҳри Маскав чоп шудааст. Барои нашри шумораи нахустини маҷалла 2.500 доллари амрикоӣ ҷудо шуд. Галина Назарова мегӯяд, маҷаллаи махзбур дар се моҳ як бор нашр мешавад.
XS
SM
MD
LG