Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шарҳи сиёсати муҳоҷиратии Русия дар Душанбе


Ӯ рӯзи 23 декабр зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе ин хабарро эълом кард ва гуфт, ин озмоиш таи се моҳи ахир гузаронида шуд ва бар асоси он муҳоҷирини ғайриқонунӣ ба Русия сафаркарда, барои мӯҳлати то як сол сабти ном шуданд. Хонум Графова мегӯяд, ин як далели ба таври мусбат тағйир хӯрдани сиёсати муҳоҷиратии Русия дар қиболи нерӯи кории хориҷӣ мебошад:

«Сиёсати муҳоҷиратии Русия марзҳои худ барои муҳоҷирини кории хориҷиро душворгузар карда буд. Ба вижа, пас аз он ки дар солҳои 2001-2002 ҳуқуқи сабти номи муҳоҷирин ба ихтиёри мақомоти интизомӣ вогузошта шуд ва қонуни нави шаҳрвандӣ, инчунин қонуни нави буду боши шаҳрвандони хориҷӣ ба тасвиб расид, сиёсати муҳоҷиратии Русия дар нисбати муҳоҷирин ба сиёсати таъбизомез табдил шуд.»

Ин дар ҳолест, Анвар Бобоев, раиси хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон далели дигари ба таври мусбат тағйир хӯрдани сиёсати муҳоҷиратии Русия дар нисбати муҳоҷирини кории Тоҷикистонро ба манзури хабарнигорон расонид ва гуфт, вакилони Думаи давлатии Русия 23 декабр, созишномаи миёни ин ду кишвар дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиринро ба тавсиб расонид.

Оқои Бобоев дар ҳамин ҳол афзуд, ки феълан дар Русия намояндагии Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон фаъол аст, ки ҳайати он 12 нафарро дар бар мегирад ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои ҳалли мушкилот ба манотиқи мухталифи ин кишвар сафар мекунанд. Ӯ дар зимн гуфт, Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон лоиҳаи Барномаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон барои солҳои 2006-2010-ро омода карда ва ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки интизор меравад, ибтидои соли оянда аз сӯи ҳукумати кишвар ба тасвиб расад. Раиси ҳадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд дар ин барнома таъсиси марокизи иттилоот ба манзури дарёфти ҷои кор дар хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз таъсиси чунин як марокиз мушкили пайдо кардани ҷои кор барои муҳоҷирини кории тоҷик дар хориҷи кишвар ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG