Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оштии католикҳо ва православҳо?


Клер Бигг Соли нави милодӣ ҳарчи наздиктар мешавад ва дар ҳоле ки аксари ҷаҳони насоро мавлуди Масеҳро, ки соли нав аз он сарчашма мегирад, дар рӯзи 25-уми декабр ид мекунад, русҳо мавлуди Масеҳро рӯзи 7-уми январ ҷашн мегиранд. Аммо як ҷомеаи католики Русия, ки 600 000 узв дорад, низ дар 25-уми декбар иди мавлудро баргузор хоҳад кард.

Калисои католикию романӣ эълон кард, ки мехоҳад, ин ид дар Русия дар сатҳи аъло ҷараён гирад ва дар ҳар кишвари ортодокс ё правосал ба он хоҳад кӯшид, ки диндорони бештареро ба сафҳои худ ҷалб кунад. Ин эъломия ба таври ғайриинтизор эътирози калисои православии Русияро ба миён наовард, вале бо вуҷуди кӯшишҳои ахири Вотикон ба оштӣ бо Патриархати Русия, муносибатҳо ҳамоно сард боқӣ мемонанд.

Моҳи октябр вазири корҳои берунаи Вотикон исқуфи аъзам Ҷовани Лайоло ба Максав сафар кард то бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров ва раиси робитаҳои хориҷии Калисоио православи Русия Митрополит Кирил мулоқот кунад. Дар моҳи декабр мансабдори дигари Вотикон, кардинол Ренато Мартино, меҳмони Маскав буд ва баргардони нави "Мадхали назарияи иҷтимоии калисо"-ро дар ин ҷо муаррифӣ кард. Ин китоб ба таълими масъалаҳои иҷтимоӣ дар калисои католикии романӣ бахшида шудааст.
Кординол Мартино ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии Русия Лавров ва митрополит Кирил мулоқот кард.

Попи Рум Бенедикти 16 чанде баъд аз гузида шуданаш ба ин мақом, дар нутқи барномавии худ гуфт, мехоҳад, муколама бо дигар динҳоро ба вазифаи аввалиндараҷаи хеш табдил диҳад. Ва сафари ин ду рӯҳонии баландпояи Вотикон ба Маскав ин ҳадафро дошт, ки ба муносибатҳои Вотикон бо доираҳои расмии Русия ва калисои православии он гармию самимият ворид намоянд.
Муносибати байни ду калисо сар аз Ҷудоии Кабир дар соли 1054 чизе шабеҳ ба гургоштии тарафҳо будааст. Он вақт дини масеҳӣ ба се мазҳаб -- католикӣ, протестантӣ ва православӣ ҷудо шуд. Тафовути байни ин мазҳабҳо ба қабул ё радди бархе аӯз назарияҳои насронӣ бастагӣ дорад. Чунончи, православҳо католикҳоро барои изофа кардани вожаи "Филикю" ба рамзи дин дар соли 1054 ба бидъат гунаҳкор мекунанд ва католикҳо правослаҳоро "тафриқагаро" меноманд. Православҳо ҳамли бикри Марям, мавҷудияти аъроф ва сарварии Попи Румро рад мекунанд. Католикҳо парастиши икона, инзиво ва дайрнишиниро бидъат шумурда, пуштибони ягонагии ҳамаи масеҳиён ва итоати онҳо аз Руманд. Тақвими идҳои динии ҳар яке аз мазҳабҳо фарқ мекунад. Ба сурати умум, православҳо худро ҳофизони аслии дин медонанд, католикҳо худро эҳёгару ислоҳкунанда ва пешбарандагони дин. Дар марҳилаҳои гуногуни таърих наздикӣ ва дурии бештари мазҳабҳо ба мушоҳида расидааст. Аммо ҳоло кӯшишҳои Вотикон ба наздикии бештар бо калисои православии Русия бенатиҷа ба назар мерасанд. Кардинол Мартино ин робиттаҳоро мушкил меномад ва мегӯяд, мулоқоти Попи Рум бо Патриархи Русия Алексий чизе нест, ки ба зудӣ амалӣ гардад. Вай мегӯяд, бояд аз қадамҳои хурд сар кард.
Ҳукумати Русия ва президент путин ба сафари Попи Рум ба Русия мухолиф нестанд, вале Алексий шадидан зидди ин сафар аст ва калисои католикиро ба он айбдор мекунад, ки русҳоро аз православӣ бароварда, ба мазҳаби худ ҷалб мекунад.
Кашиши олмонӣ Вилфрид Велинг, ки 5 сол боз дар Русия кор мекунад, мегӯяд, мушкил дар муносибатҳо аз он ҷо маншаъ мегирад, ки православҳо худро ягона соҳибони масеҳият ва намояндагони он дар Русия мешуморанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҷаҳон зиёда аз 1 миллиард католик ба сар мебарад. Бархе аз сарони калисои католикии Рум аз фишори православҳо ва давлати Русия ба католикҳо шикоят мекунанд. Аммо исқуфи аъзам Тадеуш Кондрусевич мегӯяд, "фишор" шояд калимаи сахт аст ва бояд аз монеаҳо сӯҳбат кард.
Бо вуҷуди мушкилиҳо калисои католики Рум фаъолияти худро дар Русия густариш медиҳад ва нозирони вазъ шикоятҳои Патриарх Алексийро ба он пайванд медиҳанд, ки шеваи беҳтари кори калисои Рус ва имкониятҳои молии он мақомоти Русияро ба ташвиш овардааст. Онҳо мегӯянд, оштии ҳақиқии ду ҷониб ҳоло бештар ба калисои православии Русия бастагӣ дорад, ки то куҷо аламҳои гузаштаро фаромӯш мекунад ва эътимоди мардуми Русияро ба худ тақвият медиҳад.
XS
SM
MD
LG