Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беҳтарин варзишгарони тоҷик дар соли 2005


Фарид Солеҳов, дабири кулли ин анҷуман дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар назархоҳӣ беш аз 50 хабарнигор аз 25 расонаи хабарии дохилӣ ва хориҷӣ ширкат карда, дар пурсишнома 23 варзишгарро, ки намояндаи 15 риштаи варзишанд, номбар карданд. Мувофиқи натоиҷи назархоҳӣ ба рӯйхати беҳтаринҳо чаҳор гуштигир, ду муштзан ва якнафарӣ намояндаи варзиши сабук, тирандозӣ, таеквондо WTF ва пауэрлифтинг дохил шуданд.

Ба ин тартиб даҳ варзишгари беҳтарини сол инҳо эълон шуданд:

Тирандоз Сергей Бабиков, вай имсол дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Халиҷи Форс дар шаҳри Бандараббоси Эрон ва дар панҷумин Спартакиадаи нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Ҷомеаи
Муштаракулманофеъ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар тирандозӣ аз туфангча соҳиби мақоми аввал гаштааст.

Гуштигирон -- бародарон Рустам ва Расул Боқиевҳо, ҳарду дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии кураш дар шаҳри Тошканд соҳиби медалҳои тилло шудаанд.

Муштзан Шералӣ Достиев, вай дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Маняни Чин дар рақобатҳо дар вазни то 48 кило барандаи медали биринҷӣ гаштааст.

Таеквондочӣ Парвина Исомова, ӯ дар нахустин Бозиҳои занони пойтахтҳои кишварҳои осиёӣ ва исломӣ дар шаҳри Теҳрон соҳиби медали нуқра шуда, ҳамчунин дар чаҳорумин давраи Бозиҳои варзишии бонувони кишварҳои исломӣ дар Эрон медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Муштзан Ҷаҳон Қурбонов, ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс дар шаҳри Ҳошимини Вйетнам дар рақобатҳо дар вазни то 75 кило муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ гаштааст.

Гурзандоз Дилшод Назаров, вай дар нахустин Бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ дар Арабистони Саудӣ дар рақобатҳои гурзандозӣ соҳиби мақоми аввал ва медали тилло шудааст.

Гуштигир Наврӯзмаҳмад Саноев, ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило барандаи медали биринҷӣ гаштааст.

Дзюдочӣ Парвиз Собиров, вай дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Тошканд дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Вазнбардор Толеъ Холназаров, ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ дар шаҳри Маямии Амрико дар як навъи рақобатҳо дар вазни то 90 кило бо натиҷаи 345 кило бо медали нуқра сарфароз гаштааст.
XS
SM
MD
LG