Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахта чину пул нагӯ


Ҳафтаномаи «Миллат» бо Амир Муҳаммад Исмоилхон, вазири об ва энержии Афғонистон сӯҳбати вижа анҷом додааст. Амир Исмоилхон дар ин сӯҳбат аз барномаҳои муштараки Афғонистону Тоҷикистон дар соҳаи энержӣ ҳарф зада гуфтааст, қарор аст, аз Тоҷикистон ба Афғонистон хатҳои баландшиддати интиқоли барқ гузаронида шавад ва ҳам, дар макотиби олии Тоҷикистон кадрҳои афғон таълим бигиранд. Амир Исмоилхон гуфтааст, зимни вохӯриҳояш бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳамчунин, ба манзури бунёди нерӯгоҳ дар Дашти Ҷам сохтмони обанборе дар рӯди Панҷ баррасӣ шудааст.

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, «Ҷумҳурият», дар як матлабе афзудааст, ҳаҷми обанбори рӯди Панҷ 17,6 миллион мукааб метр ва иқтидори нерӯгоҳи Дашти Ҷам 4.000 мегаватт хоҳад буд. Дар натиҷа, 1,5 миллион гектар замин дар Афғонистон обёрӣ ва беш аз 5 миллион сокини музофотҳои шимолии кишвари ҳамсоя соҳиби ҷои кор мешудаанд.

Дар матлабе бо номи «Пахта чину пул нагӯ», ки онро ҳафтаномаи «Зиндагӣ» чоп кардааст, як пахтачини оддӣ аз ноҳияи Фархор аз он шикоят кардааст, ки пахтачинҳо ҳамон ҳаққуззаҳмаи ночизи худро ҳам гирифта наметавонанд, вале аз тарс пули худро талаб ҳам намекунанд.

Дар соли 2006 барои тармими роҳҳои автомобилгарди Душанбе 9 миллион сомонӣ тахсис шудааст. Ҳокии ин хабар, нашрияи «Азия - Плюс» навиштааст, дар соли 2005 ин маблағ 6 миллион сомониро ташкил медод.

«Чархи Гардун» навиштааст, дар ин роҳҳои тармимшуда метавонанд, мошинҳои корхонаи русии «Лада» ҳаракат кунанд, ки ин корхона аввалин дӯкони вижаи фурӯши мошинҳоро дар Душанбе боз намудааст.

Дар идомаи мавзӯъи мошинҳо, нашрияи «Вечерний Душанбе» тадқиқи хурде гузаронидааст, ки чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон чӣ тамғаи мошин доранд. Генерал - майор Сӯҳроб Қосимов, раиси федератсияи футболи Тоҷикистон «Ягуар» доштааст, Бунафша Одинаева, барандаи ТВТ «Опел» мерондааст. Аз сиёсатмадорон дар ин пурсиш исми танҳо ду нафар аст, Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ, ки мошин надоштааст ва Муҳиддин Кабирӣ, вакили порлумон аз ҲНИТ, ки «Мерседес - 500» ва «Нива-Шевроле» доштааст.

Воқеъан, Муҳиддин Кабирӣ, танҳо нафаре буд, ки дар як пурсиши хурди «Азия - Плюс» миёни масъулин, эъломияи даромадҳои худро пур кардаву ба мақомот супурдааст.
XS
SM
MD
LG