Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби Ялдо ва иртиботи он бо иди "Милоди Масеҳ".


Шаби чоршанбеи 21 декабр тӯлонитарин шаби сол аст. Аз қадим-ул-айём эрониҳо ин шабро ҳамчун "Шаби Ялдо" таҷлил менамоянд ва он дар қатори ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Чаҳоршанбе сурӣ аз муҳимтарин ҷашнвораҳои эрониҳо ба шумор меравад. Аслан эрониҳои қадимӣ суруру нишотро ҳадяи худоиву ғаму андӯҳро падидаи аҳриманӣ мепиндоштанд. Дар паи ин шаб тасаллути торикӣ бар нури хуршед ва рӯшноӣ коҳиш меёбад, яъне эрониён таваллуди дубораи хуршед, пирӯзии рӯшноиву некӣ бар торикиву бадиро таҷлил менамоянд. Калимаи сурёнии "ялдо" ҳам ба маънии таваллуд, вилодат, яъне вилодати хуршед аст.
Дар Хуросон "Шаби Ялдо"-ро бо номи "Шаби Чилла" ҷашн мегиранд ва эҳтимол мардуми Тоҷикистон ҷашнвораро бо ин ном бештар вохӯрда бошанд.
Эрониҳои қадимӣ "Шаби Ялдо"-ро то субҳ ҷашн мегирифтанд. Дастурхон бо сабзавоту меваҳое чун тарбуз, харбуза, анор ва себ ороста мешуд, ки ҳар яке рамзу маънии худро дорад. Масалан, тарбуз ё ҳиндувона, тавре эрониҳо мегӯянд, ёдовари гармои тобистон аст. Анор бошад, сандуқчаи марвориди сурх: рамзи идомаи насл ва зоиш асту тановвули он чанд лаҳза ҳозиринро аз ҳарфзанӣ бозмедорад.
Акнун ба ақидаи эрониҳои қадимӣ замин зардиву хазони тирамоҳро ба сафедиву муҳаббати зимистон табдил мекунад.
Нишастҳои сарҷамъонаи хонаводагӣ дар гирди сандалӣ, нақли қиссаҳои ишқи ҷовидонаи Фарҳоду Ширин, Рустаму Суҳроб, хотироти хуби гузашта ва дигар суннатҳои бумӣ "Шаби Ялдо"-ро хусусан барои кӯдакону навхонадорон ҳодисаи фаромӯшнашаванда менамояд.
Одатан дар нимаи дуюми моҳи декабр пайравони дини насронӣ ба харидани тӯҳфа, зебу зинат додани дарахтон, пухтани шириниву хондани сурудҳои идона машғул мешаванд. Насрониён ба пешвози иди "Милоди Масеҳ" ё худ "Кристмасс" омодагӣ мегиранд.
Дар иди "Милоди Масеҳ" низ пажӯҳишгарон баъзе унсурҳои зиёди бостонӣ ва аз ҷумла "Шаби Ялдо"-ро мушоҳида кардаанд.
Далел пеш оварда мешавад, ки 25 декабр рӯзи таваллуди Масеҳ намебошад ва аслан ҷашни "Милоди Масеҳ" дар асри сеюми милодӣ баъди пирӯзии императори романӣ Константин дар байни солҳои 320-353 оғоз ёфтааст. Калисоҳои шарқӣ аз ҷумла калисои русӣ, арманӣ, гурҷӣ ва насрониҳои баптист Милоди Масеҳро дар таърихи шашуми январ ҷашн мегиранд.
Романиҳои бостонӣ 25 декабр рӯзи олиҳаи эрониҳои қадим "Митро"-ро ҷашн мегирифтанд ва ин ид "наталис солис инвистӣ" ва ё иди "офтоби шикастнопазир" унвон дошт. Ибодат ба офтоб дар империяи романӣ манъ набуд. Тахминан дар ҳамин давраҳо мисриҳову эрониёни қадимӣ идҳои марбут бо таваллуди дубораи офтоб ва тамдиди рӯз аз ҳисоби шабро ҷашн мегирифтанд. Ҳамзамону ҳамсон намудани ҷашнҳои пайравони мазҳабҳои мухталиф имкон медод, ки нуфузи империяи романӣ ва дини насрония тавсеа ёбад. Дар асри панҷи милодӣ Попи Ром Лео навишта буд, ки дар калисои Петри муқаддаси Ром боре ҳангоми баромадани офтоб ибодаткунандагон ба тарафи меҳроб пушташонро гардонида, сӯи дар ва офтоб ибодат карданд.
Пажӯҳишгарони дигар анъанаи зебу зинат додани арчаи солинавиро ҳамчун нишонаи вуруди аносири бутпарастӣ дар дини насронӣ арзёбӣ мекунанд. Дарахти арча ҳатто дар мавсими марг сабз аст.
Билохира, Бобои барфӣ, ё худ Дед Мороз, ё Санта-Клаус, ки ҳамроҳ бо тифли навзоди Масеҳ зуҳур намуда, дар ҷашни соли нав ҳадя тақдим мекунад, аз дину мазҳабҳои бутпарастон маншаъ мегирад ва номи аслии он дар қабилаҳои Аврупои бостонӣ Йул Элф мебошад.
XS
SM
MD
LG