Пайвандҳои дастрасӣ

Посухҳои вазири тандурустӣ


ба саволҳои хонандагони "Майдони баҳс" Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳое, ки ба воситаи саҳифаи интернетии радиои Озодӣ ба Вазири тандурустӣ мӯҳтарам Нусратулло Файзуллоев ирсол гардиданд, чунин ҷавоб медиҳад.

ВАЗЪИ ТИБ ДАР ТОҶИКИСТОН

Савол: Чаро Шумо дар деҳот нуқтаҳои тиббиро обод намекунед? Дар деҳот медпунктҳои солҳои пешина вуҷуд надорад. Дар ин масъала чӣ чорабиниҳои навро дида истодаед? Бо салом. Алоуддин.

Ҷавоб: Мутобиқи "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010" ва Консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, хусусан дар деҳот аҳамияти хоса медиҳад.
Аз тарафи Лоиҳаи ислоҳоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки аз ҳисоби қарзи Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, дар ноҳияҳои таҷрибавии Данғара ва Варзоб дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ сохтмони Амбулаторияи тибби оилавӣ, Маркази таълимӣ-клиникии тибби оилавӣ ва 26 маркази саломатии деҳот ба анҷом расида, ба истифода дода шуданд. Ба ғайр аз ин ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои номбурда 28 василаи нақлиёти санитарӣ ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас карда шуд.
Дар доираи барномаи "Таҷдиди сектори иҷтимоӣ", ки аз ҳисоби Бонки рушди Осиё ва саҳми ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардид, дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд бозсохти 190 иншооти нақшавӣ ба анҷом расида, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин шуданд. Инчунин, аз ҳисоби ҳамин лоиҳа 33 маҷмӯъ (комплект) таҷҳизоти лабораторӣ, 10 василаи нақлиёти санитарӣ, 8 дастгоҳи ултрасадо ва 7 ЭКГ дастрас карда шуд.
Бо мақсади таҳия ва рушди заминаи меъёрию ҳуқуқии тибби оилавӣ, зина ба зина ҷорӣ намудани тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ, ки он асоси хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитариро ташкил медиҳад, дар доираи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби қарзи Бонки рушди Осиё амалӣ мегардад, аз ҷониби гурўҳи кории Вазорати тандурустӣ лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои воҳидҳои корӣ, ҷадвали таҷҳизот, тавсифи ихтисосӣ барои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таҳия мешаванд. Лоиҳаи мазкур дар ноҳияҳои Айнӣ, Масчоҳи Кӯҳӣ, Роштқалъа, Кӯлобу Рашт амалӣ мегардад. Алҳол омӯзиши пурраи ҳолати муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ ва вазъи саломатии аҳолӣ ба анҷом мерасад. Инчунин дар доираи лоиҳаи мазкур 32 духтур ва 43 ҳамшираи тиббии ноҳияҳои таҷрибавӣ, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дар курсҳои 6-моҳаи мутахассисони тибби оилавӣ таҳсил мекунанд.
Вазорати тандурустӣ дар оянда сохтмон ва тармими муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, мутобиқ намудани сохти онҳо ба миқёси ҷумҳурӣ, таъмини онҳоро бо кадр ва таҷҳизоти зарурӣ, ба ғайр аз ноҳияҳои таҷрибавӣ, дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.

Савол: Ҷаноби вазир, оё намешавад, ки дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия як пизишке (доктор - консультант) кор кунанд, то муҳоҷирони тоҷики дар Русия бударо маслиҳат диҳад. Зеро онҳоро ягон дармонгоҳ қабул намекунад. Ва боз як чизи дигар, муҳоҷирони тоҷик ба Русия солим меоянд ва аз ин ҷо ба Ватан носолим бармегарданд. Бо чунин носолимон метавон гуфт, ки дар оянда миллати тоҷик солим боқӣ мемонад? Бо эҳтиром, Муҳоҷир.
Ҷавоб: Вазорати тандурустӣ ин масъаларо чанд маротиба мавриди баррасӣ қарор дода буд, вале аз сабаби он, ки имкониятҳои молиявии Вазорат маҳдуд аст, мо фаъолият намудани як нафар пизишкро дар Федератсияи Русия ва нигоҳ доштани аҳли оилаи онро надорем.

Савол: Шумо барои ҷилвагирӣ аз бемориҳои сирояткунанда, хусусан СПИД чӣ барномае дар пеш доред?
Ҷавоб: Пеш аз ҳама ҳаминро гуфтаниам, ки дар соли ҷорӣ лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо ВИЧ/СПИД" таҳия шуд, ки ба бисёр масъалаҳо нисбати ин беморӣ рӯшанӣ меандозад. Аз ҷумла сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо ВИЧ/СПИД, ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони сироятшуда, кӯмаки тиббӣ, муоина ва ғайраро дар бар мегирад.
Инчунин Барномаи Миллии пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД ва бемориҳои алоқаи ҷинсӣ дар давраи то соли 2007, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000-ум тасдиқ гардидааст ҳамчун роҳнамои корҳои пешгирии ин беморӣ мебошанд.
Ба ғайр аз ин, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи дурнамои сохторҳои Вазорати тандурустиро дар давраи солҳои 2004-2010 таҳия намудааст.
Дар соли 2006-ум дар назар аст, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи стратегии таҳдиди паҳншавии ин бемориро то давраи соли 2010-ум таҳия намояд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ бо дастгирии Хазинаи Глобалӣ 12 нуқтаи боварӣ барои ташхиси беноми истифодабарандагони маводҳои нашъаовар, 8 утоқи дӯстона барои шахсоне, ки ба алоқаҳои ҷинсии бетартиб машғуланд, 15 нуқтаи боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аҳли оилаи онҳо ва кӯдакони кӯчагард кушода шудааст. Инчунин то охири сол дар шаҳру рустои ҷумҳурӣ кушодани 15 нуқтаи боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар назар аст. Дар ин ҷойҳо ба таври беном ва ихтиёрӣ ба ин гурӯҳи шахсон маслиҳатҳо, маводи таълим, сӯзану сорангҳо, рифолаҳо дода мешаванд. Дар нуқтаҳои боварӣ барои барои муҳоҷирони меҳнатӣ ташхис, табобати бемориҳои бо воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда бо таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Алҳол дар марказҳои пешгирӣ ва мубориза алайҳи СПИД телефонҳои боварӣ амал мекунад, ки шаҳрвандон метавонанд ба саволҳои худ оиди ВИЧ/СПИД ҷавоб гиранд. Телефон барои тамос 365180.

Савол: Чанд муддат аст, ки касалии СИБИРСКИЙ ЯЗВА дар минтақаи Кӯлоб доман паҳн карда истодааст. Оё вазорат, ки эшон сарварияшро ба ўҳда дорад, баҳри пешгирии ин беморӣ ягон чораи мушаххас дидааст? Бо эҳтиром сокини шаҳри Душанбе, Наил Раилов.
Ҷавоб: Азбаски шароити иқлими аксарияти ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб барои барангезандаи бемории сиёҳзахм ё сӯхтанӣ мусоид мебошад ва дар ин минтақа манбаъҳои табии ин беморӣ вуҷуд доранд, ҳамасола бурузи он мушоҳида карда мешавад.
Қайд кардан зарур аст, ки вазъияти эпидемиологии ин беморӣ дар ҷумҳурӣ ва аз он ҷумла дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар соли равон нисбати солҳои пеш мӯътадил ҳисоб мешавад.
Дар давоми 10 моҳи имсол ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 48 ҳодисаи ин беморӣ қайд гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (соли 2004 - 113 ҳодиса) 65 ҳодиса камтар аст. Дар минтақаи Кӯлоб ҳамагӣ 4 ҳодисаи ин беморӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 баробар кам мебошад.
Аз тарафи сарраёсати байторӣ 5 номгӯи беморӣ дар байни чорво аз ҳисоби буҷаи давлат эм гузаронида мешаванд, ки яке аз ин бемориҳо сухтанӣ ё сиёҳзахм мебошад. Барои пешгирӣ аз он ҳамасола, эми 100 % чорвои шахсӣ ва давлатӣ лозим аст.
Барои ба чунин натиҷа ноил гаштан иштироки фаъолонаи аҳолӣ лозим аст. Инчунин Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони байтор дар манбаъҳои табиӣ чораҳои пешгириро пиёда мекунанд. Дар соли равон аз тарафи Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар 5 ноҳияи минтақаи Кӯлоб бо дастгирии Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзӣ омӯзониши аҳолӣ сурат мегирад.

Савол: Ман дар Русия зиндагӣ ва дар Донишгоҳи политехник кор мекунам. Ду фарзандам, дар ҳамин донишгоҳ донишҷӯянд. Духтарчаи калониам дар факултаи забонҳои хориҷӣ донишҷӯи курси 3 мебошад. Як сол боз ӯ касал аст. Мо дар ин ҷо чӣ қадар аз назди духтурҳои поликлиникаи шаҳрӣ гузаштем, вале касалашро ҳеҷ кас муайян карда натавонист. Касалаш аз он иборат аст, ки ҳама чизи хӯрдагиашро баъди 5 дақиқа қай мекунад. Аввалҳои моҳи ноябр ӯро ба Душанбе фиристодам. Аз рӯи гуфтаи ҳамсарам, ӯро дар маркази ташхиси беморӣ низ аз назар гузаронидаанд, вале боз касалашро муайян карда натавонистанд. Аз Шумо илтимос ба мо роҳ нишон диҳед, ки чӣ кор кунем, назди кӣ равем. Ман пули табобатро медиҳам. Фақат аниќқкардан даркор, ки духтарчаи ман чӣ касал дорад.
Бо салом ва эҳтироми бепоён Муҳаммадраҳим.
Ҷавоб: Оиди илтимоси шаҳрванд Муҳаммадраҳим дар бораи табобати духтараш хоҳиш мекардем, ки ӯ ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кунад, боварӣ дорам кӯмак расонида метавонем. Телефон барои тамос 21 18 35.

ТИББИ ПУЛАКӢ

Савол: Чаро барномаи тибби пулакӣ дар Тоҷикистон шикаст хӯрд, дар ҳоле, ки дар тамоми дунё он муваффақ аст? Саломат бошед.
Назармуҳаммад.

Савол: Ришвахорӣ дар соҳаи тиб, хоса дар беморхонаю дармонгоҳҳо кай ҷилавгирӣ мешавад. Чаро дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе барои як ҷарроҳӣ аз 200 то 500 доллар талаб карда мешавад. Сокини Душанбе.

Савол: Дар мавриди ришваситонӣ ва ё ришвахории кормандони соҳаи тиб. Вазорати тандурустӣ чӣ амалеро дар мавриди аз байн бурдани ришваситонӣ дар муассисаҳои тиббӣ роҳандозӣ кардааст? Бисёр масъалаҳои мубраме вуҷуд дорад, дар ин хусус. Ман, албатта, пизишконро ба ришваситонӣ гунаҳкор намекунам, эшон ин амалро аз рӯи маҷбурият мекунанд. Пизишке, ки дар як моҳ 20 сомонӣ маош мегирад, наметавонад, бе ришва зиндагӣ бикунад. Додварз, Хуҷанд.

Ҷавоб: Дар мавриди аз байн бурдани ришваситонӣ дар муассисаҳои тиббӣ Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ аз ҳисоби афрод ва ташкилот бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 шумораи 237, тасдиқ гардидаанд.
Ҳамзамон, дар рафти амалӣ гардонидани барнома маълум шуд, ки дар баъзе ноҳияҳо роҳбарони муассисаҳо огаҳии комил оиди ҳадафҳои асосии Барнома надоранд, тақсимоти маблағҳои аз хизматрасонии пулакӣ ғуншуда ба баланд шудани маоши расмии кормандони соҳа таъсири назаррас нарасонид, шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд ва ё шахсони бетабааи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз истифодаи Барнома берун мондаанд, дар минтақаҳо нархи хизмати тиббӣ ба як намуди табобат фарқияти назаррас дорад.
Бо ин сабаб бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2005 шумораи 388 амали ин ду ҳуҷҷат қисман боздошта шуд.
Дар масъалаи танзими андозаҳои пардохти муштараки хизматрасонии тиббӣ Вазорати тандурустӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои такмили Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ аз ҳисоби шахсон ва ташкилот тибқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.10.2005 шумораи 388 оид ба такмил додани ҳуҷҷатҳои номбурда гурӯҳи корӣ таъсис дод.
Дар якҷоягӣ ба лоиҳаҳои Здравплюс ва Тоҷикистону Швейтсария оид ба Ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии тибби оилавӣ (Лоиҳаи Сино) методологияи нави нархгузорӣ ба хизматрасонии тиббӣ интихоб карда шуд. Дар асоси он бояд нархҳои миёнаи умумии муштарак барои тамоми муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ таҳия шаванд. Хизмати пулакӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба хизматрасонии муштарак табдил дода мешавад. Арзиши хизматрасонии тиббии муштарак бояд аз харҷи буҷаи давлат барои таъмини ҳамин намуди хизмат зиёд набошад ва фарқияти арзиши хизмати тиббии муштарак танхо аз синну сол (ду гурўҳ) ва намуди хизматрасонии тиббӣ (терапевтӣ ва ҷарроҳӣ) вобастагӣ дорад.
Мутобиқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли 2005-ум, шумораи 388 ва ба мақсади такмили Барномаи заминавии расонидани ёрии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2005-ум, шумораи 237 тасдиқ шудаст, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро барои баррасӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод кард:
"Андозаҳои пардохти муштарак барои намудҳо ва ҳаҷми ёрии тиббию санитарӣ дар доираи Барномаи заминавии расонидани ёрии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006-ум";
"Тартиби хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи муассисаҳои муолиҷавию профилактикии ҷумҳурӣ";
"Номгӯи муассисаҳои давлатии муолиҷавию профилактикие, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ хизмат мерасонанд»;
"Нархномаи хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд".
Дар моҳи январи соли 2006-ум ҳуҷҷатҳои мазкур дар ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.

ТАЪЛИМИ ПИЗИШКОНИ ОЯНДА

Савол: Дар замони шӯравӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалии Сино баъд аз Маскав дуввумин донишгоҳ дар шӯравӣ буд. Чаро имрӯз сатҳи илмии он ин қадар поин рафтааст? Ва имрӯз шоҳиди инем, ки донишҷӯён на бо илми худ, балки бо пул вориди донишгоҳи тиббӣ мешаванд ва ин ояндаи басо фоҷиаборро дар пеш дорад ва имрӯз мо натиҷаҳояшро мебинем, ки чӣ табибоне аз ин донишгоҳ берун меоянд (қассобон).
Ҷавоб: Ҳақиқатан ҳам дар замони шӯравӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун маркази илмию таълимии тайёр намудани кадрҳои тиббӣ шӯҳрати беандозаеро соҳиб гашта буд. Аммо бар асари пошхӯрии давлати абарқудрати шӯравӣ ва дигаргуниҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, аз кишвар рафтани кадрҳои баландихтисос сатҳи илмию таълимии донишгоҳ коста гардид. Бо вуҷуди ин, имрӯз дар донишгоҳ 72 доктори илми тиб, 102 номзади илми тиб ба пизишкони оянда асосҳои илми тибро омӯзонда истодаанд. Имрӯз донишгоҳи тиббӣ бо як қатор масъалаҳои ҷиддие рӯбарӯст, мисоли, ба тармими пурра эҳтиёҷ доштани бисёре аз биноҳои асосии таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ; дар сатҳи бениҳоят паст қарор доштани заминаи моддию техникии донишгоҳ; кам шудани миқдори хобгоҳҳои донишгоҳ дар 10 соли охир ва ниҳоят паст будани маоши профессорону омӯзгорон ҷой доранд, ки ҳалли онҳо барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ёрӣ расонида метавонад.

Савол: Пешниҳоди ман ин буд, ки хуб мешуд, ки Шумо аз табибони мардумӣ ҳам дар ин замина истифода мебурдед ва як созмони табибони мардумӣ ташкил медодед. Бо эҳтиром, Ҷамшед, донишҷӯи равобити байналмиллал.
Ҷавоб: Дар асоси фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 Маркази ҷумҳуриявии тибби шарқӣ таъсис ёфта, дар нишонаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон, 12 минтақаи Беморхонаи шаҳрии шумораи 1 фаъолият дорад.
Маркази ҷумҳуриявии тибби шарқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи асосиест, ки кори зиёди ташкилию методиро ба ҷо оварда, бо истифода аз анъанаҳо ва бозёфтҳои қадимаи тибби шарқӣ ба аҳолии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ёрии табобатию профилактикӣ мерасонад. Марказ дар фаъолияти худ дастовардҳои қадимаи шарқиро бо тибби муосир ҳамоҳанг сохта, тавонист бо хизмати худ дар байни мардуми ҷумҳурӣ ва берун аз он обрӯй пайдо намояд.

Савол: Кай фарзанди камбағал имкон меёбад, ки ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавад? Соҳиб, довталабе, ки бепул ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуда натавонист.
Ҷавоб: Оид ба донишгоҳи тиббӣ дохил шудани "фарзандони камбағал" ҳамин нуктаро қайд кардан лозим аст, ки аз сабаби ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалии Сино тамоми ҳайати роҳбарикунандаи он иваз карда шуд. Роҳбарияти нави донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки барои ба сатҳи баланд ва одилона қарор додани қабули довталабон ба донишгоҳ тамоми чораҳоро бинад.

Савол: Барои ба кор қабул кардан ба марказҳои табобатӣ чӣ миқдор ришва ситонида мешавад, манзурам, дармонгоҳҳои бузург аст, ки нав хатмкардагони Донишгоҳи тиббиро қабул намекунанд? Медонам, ки мӯҳтарам вазир мегўяд, пора дар ҳеҷ касалхона намегиранд, аммо ин, мутаассифона, ҳақиқати ҳол аст.
Ҷавоб: Ба кор қабул намудани мутахассисони ҷавон мутобиқи роҳхати Вазорати тандурустӣ сурат мегирад. Тибқи тартиботи мавҷуда мутахассисони ҷавон вазифадоранд, ки то 3 сол ба ҷои таъиншуда рафта кор кунанд. Роҳбарони муассисаҳои тиббию профилактикии ҷумҳурӣ бе роҳхати вазорат ҳуқуқи ба кор қабул намудани онҳоро надоранд. Дар дигар ҳолатҳо як чизро қайд намудан лозим аст, ки дар шаҳри Душанбе талабот ба пизишкони ҷарроҳ, момодоягӣ-гинекологӣ ва як қатор ихтисосҳои дигар тамоман мавҷуд набуда, баракс талабот ба духтурони атфол баланд аст. Аз ин сабаб, агар дар дармонгоҳҳои "бузург" эҳтиёҷ ба мутахассисон набошад, албатта навхатмкардагони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино имконияти дар ин муассисаҳо кор карданро надоранд.

МУНОСИБАТ БА МАТБУОТ

Савол: Чаро Вазорати тандурустии Тоҷикистон иҷозаи сӯҳбат бо хабарнигоронро барои кормандони ин арса манъ мекунад? Чи сирре доранд, ки аз фош шудани он метарсанд? Зӯҳал, сокини шаҳри Душанбе.
Ҷавоб: Ба итиллои шаҳрванд, сокини шаҳри Душанбе Зӯҳал расониданием, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири беҳбуди ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори умум, мусоидат ба огаҳии аҳолии кишвар аз дастоварду мушкилоти соҳаи тандурустӣ дар 3-юми декабри соли 2004 дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази матбуотӣ ташкил намуд. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Супориши Президенти кишвар мӯҳтарам Э.Ш. Раҳмонов "Оид ба мунтазам гузаронидани нишасти матбуотӣ бо воситаҳои ахбори умум" дар ҳар 3 моҳ як бор бо намояндагони матбуот мулоқот мекунад.
Дар ин байн ҳангоми пайдо шудани саволҳо рӯзноманигорон метавонанд ба Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ бевосита муроҷиат намоянд ва ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гиранд.

НОМАИ ХОНАНДА

Ман дар бораи касалии духтари ҳамватан Муҳаммадраҳим дар ин ҷо хондам ва ин касалиест, ки аз сари ман ҳам гузашта буд ва ба ёд овардам ва хостам як маслиҳате барои ин шахс диҳам.
Ин беморӣ аз ҳисоби зиққӣ ё ғам хӯрдан пайдо мешавад ва ҳама чизи хӯрдагияшро қайд мекунад ба хотири он ки рагҳои меъда ва асабҳо хеле зиёд шудаанд. Давои ин беморӣ танҳо хушҳол будан ва парҳез кардан аз хӯрокҳои равғанин ва сахту ҳар рӯз бояд се бор шир бихӯрад ва ё хомшӯрбо ва умедворам шифо меёбад.
Кова,
23.12.2005
XS
SM
MD
LG