Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA дар соли 2005


Дастаи мунтахаби Бразилия бо 840 имтиёз миёни 205 кишвари олам беҳтарин тими миллӣ дар соли 2005 гардид. Тими мунтахаби Ҷумҳурии Чех бо 796 имтиёз мақоми дувум ва дастаи мунтахаби Ҳолланд бо 791 имтиёз мақоми севумро ишғол мекунанд.

Миёни тимҳои қорраи Осиё мунтахаби Ҷопон бо 715 имтиёз дар ҷои аввал мебошад ва дар рейтинги FIFA дар мақоми понздаҳум ҷой гирифтааст. Тими миллии Эрон , ки дар Осиё дувумин аст, дар рейтинги ҷаҳонӣ бо 703 имтиёз дар мақоми нуздаҳум қарор дорад. Мақоми севумро дар қораи Осиё дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Куриё ишғол мекунад. Ин даста дар рейтинги FIFA бо 680 имтиёз дар зинаи 29 ҷойгир аст.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо 299 имтиёз дар охирин рейтинги FIFA нисбат ба моҳи декабри соли 2004 панҷ зина поин - ба ҷои яксаду чилу якум фаромад ва миёни 44 тими миллии қораи Осиё дар мақоми бисту ҳафтум қарор дорад. Дастаи мунтахаби Русия миёни тимҳои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо 662 имтиёз дар ҷои аввал ва дар рейтинги ҷаҳонӣ дар мақоми сиву чаҳорум қарор гирифтааст. Украина бо 630 имтиёз дар мақоми дувум ва дар рейтинги FIFA дар мақоми чилум мебошад.

Мавқеи дастаҳои кишварҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин аст: 59. Узбакистон (573 имтиёз), 61. Беларус (570), 69. Латвия (550), 76. Эстония (543), 100. Литва (464), 104. Гурҷистон (459), 107. Молдова (442), 108. Арманистон (431), 114. Озарбойҷон (394), 116. Туркманистон (385), 137. Қазоқистон (314), 141. Тоҷикистон (299), 157. Қирғизистон (235).
XS
SM
MD
LG