Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТУ ё "Боинг"? Ё "Эйрбас"?..


Рӯзи сешанбе, 20 декабр Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон тарҳи созишнома бо Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушдро тасвиб намуд, ки тибқи он, Бонки аврупоӣ ҷиҳати харидории 2 ҳавопаймои хориҷӣ ба ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон 5 миллион доллар ҷудо мекунад. Абдуҷалол Салимов, муовини раиси кумитаи энерживу саноат ва сохтмону нақлиёти МН зимни муаррифии ин қарордод гуфт, замони ниҳоии истифодаи 5 ҳавопаймои навъи ТУ-154-и ширкати "Тоҷикэйр" алакай баъди 2 сол, ва мӯҳлати истифодаи 4 тайёраи дигараш баъди 5 сол ба поён мерасад ва ин ширкат шадидан ба такмили порки ҳавопаймоҳояш ниёз дорад. Ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Салимов, худи ширкат мустақилона қобил харидории ҳавопаймоҳои нав нест. Вай афзуд, ки ахиран як гурӯҳи дипломатҳои муқими Душанбе низ бо ироаи як номаи саркушода ба раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори ислоҳи вазъи пешомада дар ширкати ҳавоии Тоҷикистон шудааст.

Дар моҳи ноябр суфарои кишварҳое ба мисли Амрикову Ҷопону Бритониё ва Туркияву Суиду Суис якҷо бо намояндагони СММ, САҲА ва тақрибан ҳама ниҳодҳои байналмилалии фаъол дар Душанбе зимни як номаи муштарак унвонии раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти ширкати ҳавоии ин кишварро ба боди шадиди интиқод кашиданд. Дар ин нома омадааст, ки меҳмонони хориҷӣ зимни сафар ба Тоҷикистон дар роҳи дарёфти чиптаи ҳавопаймо ва раводиди сафар ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ мешаванд, ки дар ғайри сурати ислоҳаш ҳамчунон як садди ҷиддӣ дар роҳи ҷалби сармоягузорон ва сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Сафирон дар номаи худ хостори эҷоди як низоми шаффоф ва қобили эътимоди фармоиш ва фурӯши чиптаҳои парвози ширкати ҳавоии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет шудаанд. Чизи дигаре, ки дар ин нома тақозо мешавад, татбиқи ҳама меъёрҳои роиҷ дар шабакаҳои дигари ҳавоии ҷаҳон, аз ҷумла ҷуброни ҳаққи мусофир дар сурати лағви парвоз ва кушодани як хатти махсус барои шунидани арзу шикоёти мизоҷон мебошад. Дар номаи муштарак ҳамчунин омадааст, ки бояд тартиби ироаи раводиди сафар барои хориҷиён соддатар гардонда шуда, тартиби убуру мурур аз посгоҳҳои марзиву гумрукии фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ки ба ақидаи муаллифон дар ҳоли ҳозир як гунаи орӣ аз мантиқро ба худ касб кардааст, як шакли бештар маданӣ бигирад. Ироаи хатти муҷавиз ба ширкатҳои ҳавоии кишварҳои дигар барои анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон ба хотири эҷоди фазои рақобати солим аз дархостҳои дигарест, ки сафирони кишварҳои муҳими хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин нома бар он таъкид мекунанд.

Вуҷуди мушкилот дар роҳи сафар ба Тоҷикистон аксари кормандони созмонҳои хориҷӣ тасдиқ мекунанд. Флорентин Бланк, раҳбари як барномаи вижаи Бонки Ҷаҳонӣ марбут ба масоили рушди соҳибкории хурд дар Тоҷикистон, мушкилоти марбут ба ширкати ҳавоии ин кишвар ва парвозҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистонро як мониаи умда дар роҳи ҷалби сармоягузории ҷиддӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ медонад. Ба эътиқоди Флорентин Бланк, нафаре, ки дар ҷайб миллионҳо доллар дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ саломати худро бовар карда, ба ҳавопаймоҳои фарсудаи ширкати "Тоҷикэйр" нахоҳад супурд.

Шодӣ Шабдолов, узви Маҷлиси Намояндагон вазъи пешомада дар ширкати ҳавоии Тоҷикистонро ташвишовар номида гуфт, порлумон танҳо дар соли ҷорӣ бори дуввум аст, ки ба ин масъала мепардозад. Вай афзуд, маблағе, ки ширкати ҳавоӣ ҳар сол барои тармими ҳавопаймоҳояш масраф мекунад, болиғ аз арзиши як ҳавопаймои нав аст. Шодӣ Шабдолов мегӯяд, бо чунин ҳол ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро шояд дигар ба ҳарими ҳавоии Аврупо роҳ надиҳанд. Ишораи ахири оқои Шабдолов ба меъёрҳои нави анҷоми парвозҳои ҳавоист, ки дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо ҷорӣ мешавад ва бар асоси он, имкон дорад, ки парвози ҳавопаймоҳое баландовозе ба мисли ТУ бар ҳарими ҳавоии он қора манъ гардад.

Аммо узви дигари парлумон Муҳиддини Кабирӣ зимни баррасӣ масъалаи гарон будани қимати чиптаҳои парвоз бо ҳавопаймоҳои ширкати ҳавоии Тоҷикистонро бардошт ва гуфт, рафкирои парвоз то Маскав аз Душанбе ба андозаест, ки шояд то ҳар пойтахти дигари Шӯравии собиқ бо чунни маблағ ду маротиба парвоз карда шавад. Вакили маҷлис Юсуфҷон Аҳмадов ҳамзамон лузумияти харидории ҳавопаймоҳои кӯҳна барои ширкати миллии ҳавоиро зери суол гузошт. Мирзо Анваров, раиси ширкати ҳавоии Тоҷикистон таъйид кард, ки бар асоси 5 миллион доллар қарзи Бонки Аврупо ду ҳавопаймои амрикоии "Боинг" ё фаронсавии "Эйрбас" харида хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, ки харидории ин ду ҳавопаймо бар асоси аудит ё худ ҳисобу китобе, ки муҳосибони байналмилалӣ анҷом хоҳанд дод, сурат хоҳад гирифт.

Аммо Мирзошариф Исомуддинов, раиси кумитаи энерживу саноат ва сохтмону нақлиёти Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, ҳадафи аслии қарордод эҷоди заминаи муносиб барои беҳбуди кори ширкати ҳавоӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба ин ширкат мебошад. Нахустин суоли мо аз оқои Исомуддинов роҷеъ ба ҷузъиёти қарордоди имзошуда бо Бонки аврупоӣ буд, ки Малиси Намояндагон рӯзи сешанбе тасдиқаш кард. Сӯҳбати Мирзошариф Исомуддинов зери ин хатти сабз қобил дарёфт аст.
XS
SM
MD
LG