Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳоро ба Хуҷанд бурданд


Ин қувваозмоӣ бо ширкати теннисбозони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва ноҳияи Ҳисор дар толори Донишгоҳи техникии пойтахт ду рӯз идома кард. Теннисбоздухтарони хуҷандӣ - Зулфия Саидолимова ва Азиза Қориева дар сабқати занон ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Таҷрибаи бои варзишӣ ба теннисбози маъруф Зулфия Саидолимова имкон дод, ки ҳарифи ҷавонашро мағлуб карда, соҳиби ҷоизаи аввал шавад. Мақоми севум низ насиби намояндаи вилояти Суғд Парвина Расулматова шуд. Дар рақобатҳо миёни мардон ҳам хуҷандиҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Хуршед Солибоев, ки ҳарифи худ Акбар Яҳёевро шикаст дод, муваффақ ба дарёфти ҷоизаи аввал гашт. Акбар Яҳёев мақоми дуввум ва ҳамшаҳрии ӯ - Афзал Маҳмудов мақоми саввумро касб карданд.
Ба андешаи Аъзам Яҳёев, мураббии варзидаи тоҷик, тенниси рӯи миз дар кишвар сол то сол рушд меёбад. Вай афзуд, тайи ду соли охир баргузории ду мусобиқаи минтақавӣ дар Тоҷикистон ба инкишофи ин риштаи варзиш дар кишвар мусоидат кард. Аъзам Яҳёев иброз дошт, ки бо ин қувваозмоӣ мавсими имсолаи тенниси рӯи миз дар Тоҷикистон поён ёфт.
XS
SM
MD
LG