Пайвандҳои дастрасӣ

Мусоидати Бонки ҷаҳонӣ ба рушди тиб дар Тоҷикистон


Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ як тарҳи кумак ба бахши ҳифзи сиҳати оммаи Тоҷикистонро пазируфт. Барои татбиқи ин тарҳ Бонки ҷаҳонӣ $10 миллион, Оҷонсии рушди байналмилалии Шветсия $6 миллион ва Оҷонсии рушд ва ҳамкории Швейсария $1,2 миллион ҷудо кардаанд. Ҳадафи тарҳ - мусоидат ба дастёбии мардуми манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба хадамоти тиббӣ ва кумак дар ислоҳоти бахши беҳдошти кишвар арзёбӣ шудааст.
Дар як эъломияи Бонки ҷаҳонӣ, ки рӯзи сешанбе пахш шуд, омадааст, сатҳи хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ поинтар аст. Пайванд Холиқиён, роҳбари тарҳ аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, "ҳифзи сиҳати омма аз муҳимтарин бахшҳо барои мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва аммо ин бахш солҳост боиси нигаронии сокинони кишвар шудааст. Ӯ меафзояд, "ин дуввумин тарҳ барои боло бурдани сатҳи ҳифзи сиҳат дар Тоҷикистон аст ва ҳадафи он кумак дар раванди рушди ин бахш дар чанд самт, аз ҷумла, сармоягузорӣ барои сохтор ва таҷҳизот ва ҳамчунин дар татбиқи барномаи ҳукумат оид ба ислоҳот дар бахши беҳдошт мебошад".
Тоҷикистон аз соли 1993 ба ин сӯ узви Бонки ҷаҳонист. То имрӯз аз сӯи ин ниҳоди молиявӣ барои татбиқи тарҳҳои гуногун дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди $376 миллион қарз ваё кумаки бебозгашт ҷудо шудааст. Айни ҳол Бонки ҷаҳонӣ дар сармоягузории 11 тарҳи нав барои Тоҷикистон ба маблағи беш аз $161 миллион ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG