Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Грем Лотен атфолро ба меҳмонӣ мехонад


Грем Лотен тасмим гирифтааст дар арафаи ҷашни Соли нав наврасон аз оилаҳои камбизоати деҳоти атрофи пойтахтро ба меҳмонӣ бихонад. Дар як сӯҳбати вижа бо маҷаллаи "Ояндасоз" сафири Бритониё тасмими худро ин гуна шарҳ дод:

Мо чанд тарҳе дорем, ки омӯзишу парвариш як бахши муҳими он маҳсуб мешавад , зеро ин бахш бевосита бо атфол пайванд мегирад. Баъдан ҳукумати Бритониё тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик бо Тоҷикистон дар самти дастгирии кӯдакони ниёзманд ҳамкориҳои бештарро ба роҳ монад, зеро кӯдакон фардои ҷомеъаянд. Атфол дар Тоҷикистон чун калонсолон дар ҳолати фақр ба сар мебаранд. Падарони онҳо, ки барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба мардикорӣ мераванд, барои оилаҳо мушкили дигареро зам мекунанд ва ғолибан онҳоро хурдсолон эҳсос мекунанд.

Таи панҷ соли ахир ҳукумати Бритониё барномаи таҳсили мутахассисони ҷавон дар донишгоҳҳои бонуфузи Лондонро роҳандозӣ мекунад. Тибқи ин барномаи мавсум ба «Чивинг», ҳамасола аз кишварҳои мухталиф 2- 3 донишҷӯ ба таҳсил фиристода мешавад. Ҳоло ҳудуди 12-15 донишҷӯи тоҷик дар ин донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Грем Лотен мегӯяд, умед бар он мебанданд, ки соли ҷорӣ теъдоди бурсҳо барои довталабон бештар мешавад:

Ҳоло ин ягона барномаи расмиест, ки амал мекунад. Дар доираи он ба донишҷӯён тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешаванд. Мо мехоҳем он мутахасисонеро интихоб кунем, ки ҳадди ақалл 3 сол таҷрибаи корӣ доранд ва метавонанд дар рушди кишварашон саҳм бигиранд.

Бритониё аз кишварҳоест, ки бо парвариш ва қочоқи маводи мухаддир ҷиддан мубориза мебаранд. Аз сафири Бритониё суол мекунем, нигоҳаш ба ин мушкили умдаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ чист ва чӣ гуна метавон аз паҳншавии ин ба истилоҳ "марги сафед" мешавад ҷилавгирӣ кард?

Маводи мухаддире, ки ҷавонони мо истифода мекунанд, ғолибан аз Афғонистон интиқол меёбад. Барои мо муҳим аст, ки бо ҳукумати Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он дар ҳамин минтақа кор кунем, то ки маводи мухаддир дигар ба кишварҳои дур интиқол наёбад. Мушкилро аз марзи Бритониё дида дар инҷо ҳал кардан беҳтар аст.

Баъд аз силсилатаркишҳо дар Лондон, ки тобистони соли равон рух доданд, ҳукумати Бритониё чораҳои шадидтари ҷилавагирӣ аз терроризмро рӯи даст гирифт. Баъзан сӯҳбатҳои телефонии мардум таҳти назорат қарор мегиранд - оё ин чораҳои зиддитеррористӣ ҳуқуқҳои шаҳрвандиву башарии мардуми Бритониёро помол намекунанд?

Мо худ шоҳид будем, ҷинояткороне, ки дар таркишҳои Лондон даст доштанд, на террористҳои кишварҳои дигар, балки шаҳрвандони Бритониё буданд, ки солҳо дар ин сарзамин мезистанд. Терроризм мушкили ҳамагон аст ва шаҳрвандони мо ҳам мефаҳманд, ки ин ҳама чораҳо фақат ба хотири таъмини амнияти онҳо пиёда мешаванд.

Ҷаноби Грен Лотен мегӯяд, ҷавонони тоҷик ҳам чун ҷавонони Бритониё хоҳиши пайдо намудани ҷойи кори муносиб ва саёҳат ба дигар кишварҳои ошноӣ бо дигар мардумро доранд. Аммо фарқ дар он ҷост, ки бритониёвиҳо барои ба ин орзуҳо расидан, имконоти бештаре доранд.
Грем Лотен якуним сол аст, ки дар Тоҷикистон аз кишвари Бритониё намояндагӣ мекунад, Ӯ 46 сол дорад, забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ ва ҳоландиву русиро хуб медонад. Аз синни 22 солагӣ ба фаъолияти дипломатӣ шурӯъ карда то имрӯз дар кишварҳои гуногун ба сифати сафир ё намояндаи дипломатӣ кор кардааст. Муҷаррад аст ва дар вақтҳои фориғ аз кор саёҳат ва варзишро дӯст медорад. Ӯ мегӯяд:

Ҳарчанд чун пештара бо варзиш машғул намешавам, аммо теннисбозиро дӯст медорам. Дар хонаи ман ҳамеша садои мусиқӣ шунида мешавад. Ҳама гуна мусиқии хубро дӯст медорам. Аз мусиқии миллии тоҷикӣ хушам меояд. Медонед, ман чун дигарон на дӯстдори оши палав, балки мафтуни меваҳои Тоҷикистонам. Дар ягон кишвари олам чунин меваҳои хушлаззатро начашида будам, чунин кӯҳҳоро надида будам. Тирамоҳон ва баҳорон онҳо басо дилрабоянд.

Грем Лотен ният дорад, ки боз яку ним соли дигар дар Тоҷикистон фаъолият кунад ва расму русум ва фарҳанги мардуми тоҷикро бештару беҳтар биомӯзад.
XS
SM
MD
LG