Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи як махфигоҳи силоҳ дар рустои Рашнаи поёни Панҷакент


Шоҳини Равшан Облоқулов

Як сокини рустои Рашнаи поёни ноҳияи Панҷакент бо иттиҳоми ҳифзи силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва маводи мунфаҷира боздошт шудааст. Иброҳим Раҷабов, сармуфаттиши шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни як амалиёти вижаи маъмурони милиса дар манзили як сокини рустои Рашнаи поёни ҷамоъати Шинг 1 дербини низомӣ, 1 қутбнамо, чанд ҷуфт пойафзолу либоси низомӣ ва миқдори зиёди адабиёти мазҳабӣ, ки ба ақидаи мақомот, мазмуни зидди сохти давлатии Тоҷикистон доштаанд, кашф ва мусодира шудааст. Оқои Раҷабов гуфт, дар рӯзи дуввуми боздошт шуданаш ин сокини рустои Рашнаи поён пинҳонгоҳеро ба мақомот ошкор кардааст, ки дар он мақодири бузурги силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва маводи мунфаҷира нигаҳдорӣ мешудааст. Иброҳим Раҷабов мегӯяд: "Аниқ карда шуд, ки ин нафар моҳи августи соли 2004 бо маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслакони худ, ки ба далели ҳифзи сирри тафтишот аз гуфтани ному насаби онҳо худдорӣ мекунем, дар теппаи паҳлӯи кӯли Милкони Рашнаи поён пинҳонгоҳе таҳия карда, дар он ҷо миқдори зиёди яроқи оташфишон ва лавозимоти ҷангиро пинҳон мекунад. Мақомот аз ин пинҳонгоҳ 6 мил автомати Калашников бо 18 тирдони иборат аз 493 тир ва 2 норинҷаку 1 ҷавшани низомӣ пайдо кардаанд."

Тафтишот мегӯяд, нафари боздоштшуда хатмкардаи як мадрасаи исломии Узбакистон буда, феълан таҳқиқи парвандаи ӯ идома дорад.
Шоҳини Равшан, шаҳри Панҷакент
XS
SM
MD
LG