Пайвандҳои дастрасӣ

"Рӯзи нав" чоп шуд. Дар формати А4 ва бо теъдоди ҳамагӣ 99 нусха


Шумораи нави нашрияи мустақили «Рӯзи нав», ки худро як рӯзномаи мухолифи ҳукумат эълон кардааст, дар ҳаҷми чаҳордаҳ саҳифа ва бо теъдоди 99 нусха ба чоп расид. Дар саҳифаи аввали «Рӯзи нав» зери унвони «Агар мо инсонем, пас ҳуқуқ ҳам дорем!» матлабе интишор ёфтааст ва дар зери ин сарлавҳа аксҳои Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи горди раёсати ҷумҳурӣ, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон, Мухтори Боқизода, сармуҳаррири нашрияи мустақили «Нирӯи сухан» ва Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон омадааст. Ҳамаи ин афрод, ба истилоҳ чеҳраҳои мухолифи давлатанд ва имрӯз ба маҳкама кашида шудаанд.

Раҷаби Мирзо, сардабири «Рӯзи нав» дар робита ба ин мақола мегӯяд: "Ин сухане, ки дар саҳифаи якуми нашрияи мо омадааст, шиори иншуморагии мост. Ин бештар ба худи рӯзномаи мо дахл дорад, ки мо ҳам инсонем, кормандони ин рӯзнома ҳам инсонанд, мо ҳам ҳуқуқ дорем. Вале дар навбати худ вақте ки дар бораи тақдири ин шахсиятҳое, ки номашон дар боло рафт, чизе мегӯянд, бештар зикр мекунанд, ки тақдири онҳо сиёсӣ будааст ва бархӯрди ҳукумат ҳам ба онҳо сиёсӣ аст. Аз ҳамин лиҳоз, мо дар бораи ин шахсиятҳо, ки дар матбуот кам аз тақдирашон мегӯянд, матлабҳо навиштем ва барояшон имкони гуфтан додем."

«Рӯзи нав» аз мусоҳибони худ суол кардааст, ки оё «Шумо аз ҳуқуқи хеш метавонед истифода кунед?» ва дар ду саҳифа посухи онҳоро ҷой додааст. Раҷаби Мирзо посухи мусоҳибони нашрияро дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ чунин хулоса мекунад: "Танҳо як хулоса метавон кард, ки албатта, на ҳамаи шаҳрвандон аз ҳуқуқи хеш бархӯрдоранд, на ҳама огаҳ ҳастанд, ки онҳо ҳаққ доранд вокуниш нишон диҳанд, ё митингу чорабиниҳои мисли ин баргузор кунанд. Ва онҳое, ки аз ҳуқуқи худ огаҳ ҳастанд, баъзан шояд аз тарс бошад, ё чизи дигар ки аз он истифода намекунанд."

Дар нашри тозаи «Рӯзи нав» ҳамчунин матолиби таҳлилию сиёсӣ бо номи «Сарқонун пеш аз ҳама аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва мансабдорон риоя намешавад!», муаллифаш Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, «Сиёсати ҷайбҳои сӯрох», «Аз ман бандит ва террорист сохтан намешавад!» (иқтибосҳо аз сухани охирини Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократ дар додгоҳ) ва инчунин мусоҳибаи Шодмон Юсуф, роҳбари собиқи Ҳизби демократии Тоҷикистон зери сарлавҳаи «Ман ба Тоҷикистон барнамегардам, то замоне ки ин Ҳукумат рӯйи кор аст» нашр шудаанд.

Оқои Раҷаби Мирзо, муассиси «Рӯзи нав» мегӯяд, ҳанӯз мушкили чопи нашрия дар чопхонаҳои кишвар ҳалношуда боқӣ мемонад. Нашрияи мустақили «Рӯзи нав» бештар аз як сол аст, ки интишор намешавад ва кӯшиши ноширон дар мавриди дар берун аз кишвар ба чоп расонидани «Рӯзи нав» низ бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG