Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сухандонон, cухан санҷида гӯед


«Сухандонон сухан санҷида гӯянд» китоби навбатии устод Камолиддинов аст, ки атрофии сабк, услуб, грамматика ва меъёрҳои забони тоҷикӣ, мушкили забони матбуот ва ҳусни баёни гуфторҳои радиову ТВ, истеъмоли барғалати бархе аз вожаҳо ва пасоянду пешояндҳо баҳс мекунад. Устод Баҳриддин Камолиддинов мегӯяд:

«Ман аввал баъзе масъалаҳои баҳснокро дар илми забоншиносии тоҷик матраҳ намудам. Боз мисли ҳамон корҳое, ки ман солҳои ахир анҷом медиҳам, диққати маро вазъи имрӯзаи забони тоҷик, татбиқи қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон-ҳамин масъалаҳо бештар мекашид»

Ва аммо услубшиноси маъруф дар китоби ҷадиди худ бештар сари ислоҳи хатоҳое таваққуф кардааст, ки дар забони матбуот роиҷанд. Профессор Камолиддинов бар ин назар аст, ки ғалат дар гуфтори расонаҳои хабарӣ, хатоҳои сарфу наҳвӣ дар матбуот барои забони тоҷикӣ паёмади нохуб доранд:

«Чунки баъзе нуқсонҳое, ки дар забони матбуот вуҷуд дошт, на танҳо ислоҳ нашудаанд, ки давом мекунанд. Албатта забони матбуот, ки зиндагонии рӯзмарраи моро инъикос мекунад, як дараҷа оинаи имрӯзаи забони мо ҳам ҳаст, агар ин нуқсонҳо пешгирӣ карда нашавад, аз миён бардошта нашавад, вай таъсири хеле бад хоҳад бахшид. Чунки хусусан ҷавонҳо гумон мекунанд, ки забони матбуот ин намунаи беҳтарини забони муосири давлатии мост. Хавфи он аст, ки ҳамин нуқсонҳо ба ҷавонон сироят кунанд, онҳо дар гуфторашон, дар навишторашон ҳамин ғалатҳоро такрор кунанд, ва бо ҳамин тарз ин рахнагӣ дар забон меафтад!»

Ба гунаи мисол, «Сухандонон сухан санҷида гӯянд» атрофи истифодаи ғалати пасоянди «ро», пешоянди «нисбати», «оиди», феъли замони ҳозираи «ҳаст» ва бандаки хабарии «аст», ғалат дар ҷумлабандӣ-мутобиқат накардани хабар бо мубтадо аз ҷиҳати шумора ва ғалатҳо дар ҷумлаҳои чидааъзо баҳс мекунад.

«Сухандонон сухан санҷида гӯянд» аз 4 фасл ва 20 боб иборат буда, усулан хатоҳои сарфу наҳвӣ ва ғалатҳо дар забони матбуотро мавриди баҳс қарор додаст.
XS
SM
MD
LG