Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов бо Мишел Аллио Мари


Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Мишел Аллио Мари - вазири дифоъи Фаронса бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони ниҳодҳои санъатӣ,иқтисодӣ , кишоварзӣ ва ҳайъати тоҷирони фаронсавӣ баргузор шуд. Пас аз анҷоми мулоқот бо раиси ҷумҳурӣ вазири дифоъи Фаронса ба хабарнигорон аз оғози тарҳҳои муштараки ҷадид дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ миёни ҳарду кишвар сӯҳбат кард , вале аз ироаи ҷузъиёти онҳо худдорӣ кард. Ҳамзамон хонум Аллио Мари суоли хабарнигоронро мабнӣ ба замони ниҳоии хуруҷи нирӯҳои фаронсавӣ аз Тоҷикистон бепосух гузошт. Вай гуфт, Фаронса омӯзиши забони фаронсавӣ барои афсарони нирӯҳои мусаллаҳи тоҷик ва корҳои тармиму бозсозӣ дар хатти парвози фурудгоҳи Душанберо идома хоҳад дод: «Дар заминаи тарҳҳои ҷадид мо қабл аз ҳама тадриси забони фаронсавӣ барои низомиёни тоҷик, омӯзиши омодагии ҷангӣ ва табодули таҷруба дар манотиқи баландкӯҳро роҳандозӣ хоҳем кард.»

Дар ҳамин ҳол, Зайд Саидов - вазири саноати Тоҷикистон мулоқот бо масъулини ҳайъати саноатии фаронсавиро дар рушди ҳамкориҳои ду кишвар боаҳамият хонд. Вай гуфт, ҷониби Фаронса барномаҳои саноатии Тоҷикистонро хуш истиқбол карда ва омодагиашро барои ҳамкорӣ дар соҳаи коркард ва тавлиди алюминий, маҳсулоти кишоварзӣ ва махсусан тавлиди зуғолсанг эълом доштааст: «Дар мавзӯъи бозсозии корхонаи семент бо намояндаи ширкати фаронсавӣ хеле сӯҳбати ҷиддӣ буд ва дар бораи истеҳсоли шиша, ки мо дорои қуми кварсӣ ҳастем , ки ин ашёи асосии истеҳсоли шиша аст. Боварӣ дорам, ки инҳо ҷиддӣ муносибат доранд.»

Абдулло Ёров - муовини вазири энержии Тоҷикистон гуфт, миёни ширкати "Алистон"-и Фаронса ва вазорати энержӣ як ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст, ки дар асоси он Фаронса эҳдоси нирӯгоҳи барқи обӣ дар рустои Оббурдони кӯҳистони Масчоҳро бо иқтидори 100 мегаватт ва бо маблағи 120 миллион доллари амрикоӣ ба ӯҳда гирифтааст.

Фаронса танҳо кишвари ғарбӣ ва узви Паймони Атлантики Шимолист, ки куллия барномаҳои кӯмак ва ҳамкории худро дар чаҳорчӯби эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон амалӣ мекунад. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди садупанҷоҳ афсар ва сарбози ин кишвар ва ду ҳавопаймои низомии борбари Фаронса мустақар мебошад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG