Пайвандҳои дастрасӣ

Нигоҳе ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират


Саодат Олимова, корманди маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Шарқ", воқеъ дар Душанбе, ки тӯли солҳои зиёд пайваста роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон таҳқиқот барпо кардааст, гуфт, муҳимтарин ҷанбаъҳои барои аҳоливу ҳукумат мусоиди муҳоҷирати корӣ ин кумаки молӣ ба оилаҳои ниёзманд ва коҳиши танишҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҷомеа мебошад. Ӯ мегӯяд, ҳадди аққал 25 дар сади хонаводаҳои Тоҷикистон бо кӯмаки ақрабои муҳоҷирашон рӯзгори худро пеш мебаранд. Аммо дар айни замон, мегӯяд ӯ, бо гузашти вақт ҷараёнҳои муҳоҷират бештар пайомадҳои нохушояндро ба бор меоваранд.

Ҷомеашинос Саодат Олимова мегӯяд: "Паёмади номатлуби муҳоҷирати корӣ қабл аз ҳама дар пастравии сифати нирӯи корӣ дар дохили кишвар аст. Ҳиҷрати нирӯи қавии мардони кишвар, ҷавонони серҳаракат ва нирӯманд оилаҳоро бидуни саробон мемонад. Ниҳоятан, муҳоҷирати корӣ ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъсири манфӣ мегузорад, то мусбат"

Тибқи иттилоъи расмӣ, солона дар мавсими гармо беш аз 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба самти Русияву дигар ҷумҳуриҳои муштаракулманофеъ ҳаракат мекунанд. Саодат Олимова мегӯяд, тибқи таҳқиқоти онҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, шумори муҳоҷирони корӣ солона ба таври собит 500 то 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад: "Раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон феълан дар як ҳолати собит қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони кишвари донори нирӯи корӣ шинохта шудааст. Ва мизони муҳоҷирати ин нирӯи корӣ солона аз 500 то 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад."

Мутахассиси маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Шарқ" Саодат Олимова мегӯяд, мисли солҳои пеш имрӯз ҳам то 96 дар сади аҳолии Тоҷикистон бо далели донистани забон ва шароити зист Русияро ба унвони кишвари таъминкунандаи кор интихоб мекунанд. Ва аммо тайи 3 соли охир, бо далели нисбатан боло рафтани сатҳи зиндагӣ, шумори ҳар чӣ бештари муҳоҷирон Қазоқистонро мақари фаъолияти худ қарор медиҳанд.

Ба унвони яке аз мушкилоти аслии муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия масъалаи азияту озори кормандони ҳифзи тартиботи ин кишвар боқӣ мемонад. Муҳоҷирини корӣ мегӯягд, кайҳост зарурати мудохилаи ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони ин кишвар дар Русия пеш омадааст. Алорағми он ки соле пеш раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Русия созишномаи муштаракро роҷеъ ба муҳоҷирати корӣ ба имзо расониданд, ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёди марбут ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, таъмини онҳо бо ҷойҳои боамни корӣ, мушкили беҳдоштӣ ҳалли худро пайдо накардаанд. Ин дар ҳолест, ки новобаста ба сахтиҳо, муҳоҷирон ҳадди аққал 20 дар сади даромади солонаи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро таъмин мекунанд. Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, кӯмаки моливу иқтисодии муҳоҷирон солона баробар бо мизони буҷаи давлатӣ мешавад, яъне тақрибан 500 миллион доллари амрикоӣ.

Саодат Олимова ҳамчуни гуфт, назар ба солҳои пеш, акнун ҳайъати муҳоҷирон бештар аз ҳисоби мутахассисон афзун мегардад: "Дар ҳайъати муҳоҷирог ҳам як навъ тағйирот ба мушоҳида мерасад. Дар миёни онҳо шумори мутахассисон акнун бештар ба чашм мехӯрад, яъне нисфи муҳоҷиронро онҳое ташкил мекунанд, ки таҷрибаи касбии кори сохтмонро пушти сар кардаанд. Ва ё агар кормандони риштаи савдо буданд, кори бозору тиҷоратро хуб аз бар кардаанд. Ва дар паҳлуи онҳо, ҷавононе сафар мекунанд, ки аслан коре аз дасташон намеояд ва онҳо маъмулан аз он бахши муҳоҷиронеанд, ки бо фаъолияти ғайрикасбӣ даромади кам ба даст меоранд. Аммо таъкид мекунам, ки теъдоди нирӯи коргарони ҳирфаӣ сол то сол афзоиш меёбад."

Ба унвони яке аз пайомадҳои номатлуби муҳоҷирати корӣ, ҷомеашиноси тоҷик ба тарки ватан ва дар натиҷа, зиндагиро дар хориҷа ихтиёр кардани шаҳрвандоин тоҷик ишора кард. Ӯ гуфт, таҳқиқот ҳокӣ аз он аст, ки аксар ҷавонмардони муваффақ баъди 2 - 3 соли кор дар Русия муқими он кишвар мешаванд ва хонаводаҳои худро дар Тоҷикистон фаромӯш мекунанд. Дар ояндаи наздик, мегӯяд хонум Олимова, ин падида метавонад боиси бурузи мушкилоти нави маишиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон гардад.
XS
SM
MD
LG