Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса


Маъруф Сайфиев, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон зимни мулоқот бо намояндагони доираҳои тиҷорию саноатии Фаронса гуфт, Тоҷикистон манфиатдор аст, ки бо сармоягузории Фаронса захираҳои минералии Тоҷикистон кашф ва истихроҷ гардида ва корхонаҳои муштараки саноатӣ бунёд шавад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамчунин мехоҳад бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавии муштарак бо Фаронсаро дар ин кишвар бунёд кунад. Оқои Сайфиев афзуд, ҳамчунин Тоҷикистон дар бахши идораи хоҷагии деҳқонӣ ва туризм бояд аз таҷрибаи Фаронса омӯзад. Дар ҳамин ҳол, хонум Марсел Рамоне, раҳбари ҳайати фаронсавӣ ва вакили департаменти ноҳияи Финистери Фаронса гуфт, кишвараш азм дорад, равобити дуҷонибаро алалхусус дар бахши иқтисод ва саноат густариш диҳад:

«Чанд лоиҳаи иқтисодӣ аз ҷониби Фаронса таҳия ва тасвиб шудааст. Аслан мо азм дорем, дар соҳаи энержӣ ва саноат робитаҳои худро бо Тоҷикистон таҳким бахшида, дар бозсохти корхонаи алюминиуми Тоҷикистон саҳм гузорем. Ҳадафи омадани ҳайати кории мо ба Тоҷикистон низ маҳз баррасии ҳамин масоил аст. Мо ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши ҳифзи муҳити зист, ҳавонавардӣ, мухобирот ва таъсиси намояндагиҳои хадамоти бонкии Фаронса дар Тоҷикистон пешниҳодҳо дорем.»

Саъдулло Раҳматуллоев, корманди дафтари матбуоти Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, феълан намешавад гуфт, ки вазъи ҳамкориҳои иқтисоди миёни Тоҷикистону Фаронса қаноатбахш аст, зеро мизони мубодилаи мол миёни ду кишвар назар ба чанд соли пеш коҳиш ёфта ва то ҳол ягон корхонаи муштарак фаъол нашудааст:

«Сатҳи баланди ҳамкориҳои мо ба соли 1995 рост меояд, зеро дар ин сол муомилоти байни кишварҳои мо қариб 20 миллион доллари амрикоиро ташкил кард. Вале, мутаассифона, солҳои баъдӣ чунин ҳамкорӣ каме коҳиш ёфт ва ба андозае коҳиш ёфт, ки дар соли 2002 он танҳо ба 372 ҳазор доллар расида буд. Имрӯз бошад, танҳо дар даҳ моҳи соли 2005 ин муомилот бештар аз 3 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ман гумон мекунам, ки ҳамин гуна сафару боздидҳои корӣ заминае барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва барои ҷалби сармоягузориҳои фаронсавӣ ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад гузошт.»

Соли ҷорӣ содироти мол аз Тоҷикистон ба Фаронса ҳамагӣ чизе бештар аз 23 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст. Боздиди ҳайати кории давлати Фаронса, иборат аз 17 нафар, аз шаҳри Душанбе 19 декабр анҷом ёфт. Тайи се рӯз ин ҳайат бо мақомоти вазорати иқтисод ва тиҷорат, вазорати энержӣ, вазорати саноат, Бонки миллӣ ва «Ориёнбонк», инчунин раёсати Кумитаи марзбонии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом дод.
XS
SM
MD
LG