Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъи Фаронса дар Душанбе


НХ

Қарор аст, дар вохӯрии президенти Тоҷикистон бо Алио Марӣ - вазири дифоъи Фаронса, ки субҳи рӯзи 19 декабр боздиди худро аз Тоҷикистон оғоз намуд, масъалаи ҳамкориҳои низомии миёни Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ бишавад. Хонум Алио Марӣ дируз дар Кобул бо мақомоти Афғонистон мулоқот анҷом дод. Вай дар Кобул изҳор дошт, ки Фаронса илова бар 800 нафар то нимаи соли оянда 450 нафари дигар низомиёни худро ба Афғонистон мефиристад. Аз ин 800 нафар 600 нафар дар таркиби нируҳои кумаки амниятӣ ва 200 нафар дар таркиби нируҳои вижа дар ҷануби Афғонистон мустақар шудаанд. Фармондеҳии нируҳои кумаки амниятӣ тасмим гирифтааст, ки шумораи ин нируҳо соли оянда аз 9 ҳазор то ба 15 ҳазор нафар афзоиш дода шавад. Аммо шумораи нируҳои Фаронса дар Тоҷикистон чандон зиёд нест. Ҳоло дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе 2 ҳавопаймои борбари низомӣ ва 150 низомии ин кишвар мустақар мебошанд. Бештар аз як моҳи пеш шаш ҳавопаймои низомии Фаронса мавсум ба Мираж ва 200 сарбоз баъд аз муддате истиқрор шаҳри Душанберо тарк карданд. Онҳо бо ризояти мақомоти Тоҷикистон муваққатан барои таъмини амнияти маъракаҳои интихоботии Афғонистон дар Тоҷикистон қарор доштанд.
Нурмуҳаммади Холзода, Прага
XS
SM
MD
LG