Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин иҷлоси порламони Афғонистон


Имруз дар Афғонистон дар сӣ соли ахир нахустин иҷлоси порламони тозаинтихоби ин кишвар баргузор мешавад. Намояндагони порламон дар интихоботи 18-уми сентябри соли ҷорӣ интихоб шуда буданд. Порламони Афғонистон дорои ду маҷлис аст. Маҷлиси поёнӣ ё маҷлиси намояндагон, ки бо номи Вулусӣ Ҷирга машҳур аст ва 250 курсӣ дорад. Маҷлиси болоӣ ё Мешрано Ҷирга аз 102 курсӣ иборат мебошад. Интизор меравад, ки дар нахустин рузи кори иҷлоси порламон Дик Чейнӣ-муовини раиси ҷумҳури Амрико ширкат кунад. Вай аз Ироқ вориди Афғонистон мешавад. Дар Порламони тозаинтихоби Афғонистон нируҳои мухталифи сиёсии кишвар намояндагӣ мекунанд ва онро коршиносон аз як су нишонаи риъояти демократия дар кишвар медонанд. Вале аз суи дигар, баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки мумкин аст сари баъзе масъалаҳои ҳасос намояндаҳои нируҳои мухталиф ба мушкилӣ битавонанд ба тавофуқ бирасанд.

Фарҳоди Милод, Кобул
XS
SM
MD
LG