Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷори гази моеъ дар Душанбе


Носирҷон Маъмурзода

Бар асари истифодаи нодурусти таҷҳизоти гази моеъ дар шаҳри Душанбе инфиҷори шадид ба амал омада, як нафар кушта ва панҷ тани дигар бо ҷароҳати вазнин ба дармонгоҳ интиқол ёфтанд. Таркиши гази моеъ дар бинои нуҳ-ошёнаи маҳаллаи Зарафшони пойтахти Тоҷикистон соати 4-у 50 дақиқаи субҳи 18-уми декабр сурат гирифта, дар натиҷа қабатҳои чаҳорум, панҷум ва шашуми бинои истиқоматӣ комилан хароб шуданд. Тағоймурод Эшзода, сухангӯи хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард.
Дар ҳамин ҳол Маъмурҷон Юсуфов, корманди муассисаи «Тоҷикгаз» ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аксари инфиҷорҳои газ бинобар беэҳтиётии шаҳрвандон сар мезананд. Ба гуфтаи оқои Юсуфов, бархе аз шаҳрвандон ҳатто оддитарин қоидаҳои истифода аз дастгоҳи гази табииро риоя намекунанд, ки ин боиси рух додани ҳодисаҳои нохуш мегардад.
Феълан дар робита ба инфиҷор дар маҳаллаи Зарафшон як ҳайати вижа иборат аз кормандони вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мақомоти додситониву пулис тафтишот мебаранд.
Ба иттилоъи мақомоти интизомии Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ дар кишвар бар асари инфиҷори газ дар манзилҳои истиқоматӣ ва воситаҳои нақлиёт ҳудуди 30 нафар кушта шудаанд.
Носирҷон Маъмурзода, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG