Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Роберт Симмонс бо донишҷӯён


Роберт Симмонс, фиристодаи вижаи дабири кулли паймони низомии Атлантикаи шимолӣ ( НАТО) дар умури Осиёи марказӣ ва Қафқоз дар вохӯри бо донишҷӯёни донишгоҳҳои Душанбе гуфт, ин паймон ба манзури бунёди хатти робита байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва дигар мактабҳои оливу миёнаи давлатҳои узви НАТО як шабакаи вижаи интернетӣ таъсис диҳанд:
Ҳамчунин мо донишҷӯён, хабарнигорон ва пешсафонро аз Тоҷикистон даъват кардаем, то дар конфаронс, семинар ва тамринҳои монанд ба мактабҳои тобистонаи наврасон иштирок кунанд.
Роберт Симмонс бо мақсади муаррифии барномаву сохтори ҷадиди НАТО ва оғози ҳамкориҳои тоза ба Тоҷикистон сафар ва бо ҷавонон мулоқот кардааст.
Роберт Симмонс мегӯяд, дар замони ҷанги сард НАТО марзи кишварҳои узвашро аз ҳуҷуми Итиҳоди шуравӣ ҳимоя мекард ва ҳоло кӯшиш доранд ба таъмини амният дар ҷаҳон саҳм гузоранд. НАТО ғолибан бо қочоқи маводи мухаддир, маҳви силоҳи қатли ом ва терроризм мубориза бурда, барои ҳалли низоъҳои минтақавӣ мадад мекардааст.
Ӯ мегӯяд, НАТО бо Тоҷикистон низ дар баробари мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар самтҳои бунёди ҷомеъаи воқеъан демократӣ ва ислоҳоти соҳаи ҳарбии кишвар, ҳамкорӣ мекунад:
Дар доираи барномаи ислоҳоти соҳаи низомииТоҷикистон НАТО нақша дорад, ки дарсҳои вижаи омӯзиширо барои низомиёни вазорати дифоъ, сарҳадбонон ва дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ, дар кишварҳои узв, ба монанди Итолиё ва Олмон созмон диҳад. То ин ки онҳо бо фаъолияти қисмҳои низомии ин мамлакатҳо ошно шуда, аз таҷрибаи онҳо биомӯзанд. Ва ҳадафи аслии сафари ман фароҳам овардани имконоти бештар ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷа ва такмили малакаҳояшон мебошад.
Дар рафти мулоқот донишҷӯён, ки бештар бо англисӣ сӯҳбат мекарданд, аз оқои Симмонс дар хусуси таъсири НАТО дар сиёсати кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Эрону Ироқ пурсиданд.
Роберт Симмонс гуфт, феълан барои кишварҳои Осиёи марказӣ нақшаи барномаи алоҳидаи иқтисодӣ тарҳрезӣ мешавад, ки баъди имзои созишномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистону НАТО ва муайян шудани самтҳои ҳамкорӣ, амалӣ хоҳад гашт.

Фирӯзи Барот
XS
SM
MD
LG