Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои Игнобел


фикр кунед... хандед Хонед Ҳар сол ҳамзамон ба ҷоизаҳои Нобел як кумитаи махсус ҷоизаҳои Игнобелро тақдим мекунад, ки ба муаллифони хандаовартарин кашфиёт ё тадқиқот тақдим мешавад. Имсол киҳо барандаи ин ҷоизаҳои ҳаҷвӣ шуданд?

Ҷоизаи сулҳи Игнобел ба доктор Питер Симмонс ва Клер Ринд аз Донишгоҳи Нюкасли Бритониё супурда шуд. Онҳо дар натиҷаи таҷрибаҳои дурудароз ба хулосае омаданд, ки малахҳо аз дидани мавҷудоти барояшон хатарнок хеле эҳтиёткор мешаванд ва аз ҷаҳиш бо суръати баланд худдорӣ мекунанд.
Таҷрибаи олимон аз он иборат буд, ки ба малахҳо саҳнаҳоеро аз филми коргардон Ҷорҷ Лукас "Ҷанги ситораҳо" нишон медоданд ва ба воситаи таҷҳизоти пешрафта вокуниши аъсоби онҳоро меомӯхтанд. Маълум шуд, ҳисси худҳифозатии малахҳо аз дидани мавҷудоти ба худашон монанд дар ин филм афзоиш ёфт ва суръати ҷаҳиши онҳо кам шуд. Дар бораи фоидаи кашфиёти худ, олимони бритониёӣ мегӯянд, хуб аст, агар аз рӯи узвҳои босира ва аъсоби малах дар автомобилҳо таҷҳизоте сохта шавад, ки бо дидани ҳамтоёни хатарноки хеш суръатро кам кунанд. Он гоҳ шумори садамаҳо дар роҳ коҳиш хоҳад ёфт.
Ҷоизаи Игнобел дар зистшиносӣ (биология) ба устоди Донишгоҳи Токио Йосиро Накаматсу дода шуд. Ин кас дар тайи 34 сол ҳамаи хӯроки худро пеш аз тановул аккосӣ ва аз лиҳози кимиёӣ таҳлил кардааст. Вай гуфтааст, ҳамеша ғизои худро ба дафтари махсус менависад ва онро пешакӣ аккосӣ мекунад. Сипас ҷисми худро таҳқиқ карда, ба натиҷае мерасад, ки оё аз ин ё он хӯрокворӣ чӣ тағйире дар ӯ ба вуҷуд омадааст. Дар ин муддат Накаматсу ҳамзамон 3 ҳазор кашфиёти илмӣ кард, ки аввалини онҳо дар соли 1950 рӯй додааст. Вай мегӯяд, танҳо баъд аз 3 рӯз маълум мешавад, ки ҷисми шумо аз ғизо чиро гирифта ва чиро рад кардааст. Ҳамчунин бо нигоҳ кардан ба акси хӯрокворие, ки ӯ фурӯ бурдааст, натиҷагирӣ мекардааст, ки барои беҳтарин фоида кай ва чӣ бихӯрад.
Ҷоизаи Игнобел дар иқтисодиёт ба Гаврӣ Нанда аз Донишкадаи технологии Массачусетси Иёлоти Муттаҳида тақдим гашт барои ихтироъи соати зангӯладоре, ки аз соҳибаш фирор мекунаду пинҳон мешавад, то кас онро хомӯш карда натавонад. Ин соат то замоне ки кас аз рахтихоб барнахезад, занг мезанад ва садои зангаш бисёр нороҳаткунанда аст. Пайванди ин кашфиётро бо иқтисодиёт кумитаи ҷоизаҳо дар он дидааст, ки сари вақт ба кор расидани одамон метавонад, ба афзоиши тавлид замина гузорад.
Ҳамаи барандагони Ҷоизаи Игнобел на танҳо бо хурсандӣ мукофотро қабул карданд, балки дар зиёфати махсуси кумитаи Нобели ҳаҷвӣ ширкат кардаву кашфиёти худро намоиш доданд.
XS
SM
MD
LG