Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии шоҳмотбозони наврас


Рашид Раҳимов, раҳбари даста ва раиси мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот ҳудуди 800 шатранҷбози наврас аз даҳ кишвари қорраи Осиё ширкат варзида, тайи ҳашт рӯз рақобат карданд. Умедҷон Саидов миёни шатранҷбозони то даҳсола ва Шаҳноза Умарова миёни духтарони то чаҳордаҳсола дар нӯҳ дидор севуним имтиёзӣ ба даст оварданд. Амал Олимови дувоздаҳсола аз нӯҳ бозӣ се имтиёз гирифт. Икром Илҳомзода дар сабқати писарони то чаҳордаҳсола соҳиби дувуним имтиёз шуд. Рашид Раҳимов афзуд, натоиҷи ба даст овардаи шатранҷбозони навраси кишвар қаноатбахш нест, зеро онҳо дар мавқеи поин қарор гирифтанд.
Рашид Ҳусейнов мегӯяд тарзи созмондиҳии мусобиқот ба мо умуман писанд наомад. Ҳаштод дар сади ширкаткунандагони мусобиқот мизбонон- шатранҷбозони ҳинду буданд ва онҳо дар ҳамаи гурӯҳҳо мақоми аввалро ишғол карданд. Танҳо дар сабқати писарони то чаҳордаҳсола намояндаи Вйетнам пирӯз шуд. Бачаҳои мо мусобиқотро хуб шурӯъ карда, баъдан ба нокомӣ мувоҷеҳ шуданд. Сабаби асосӣ истеъмоли ғизои барои мо ғайри маъмулӣ буд. Ғизо дар ин ҷо бо истифода аз қаламфури зиёд таҳия мешудааст, ки шатранҷбозони мо натавонистанд онро истеъмол кунанд.
Рашид Ҳусейнов иброз дошт, ки мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон барои шатранҷбозони тоҷик охирин мусобиқаи байналмилаӣ дар соли 2005 маҳсуб мешуд.

Ва як хабар барои мухлисони футбол. Дастаи мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон дар Фестивал ё мусобиқоти бачагонаи футбол, ки моҳи марти соли 2006 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Бино ба иттилои Нӯъмон Юсуфов, сармураббии тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон, футболбозони тоҷик дар гурӯҳи "D" бо ҳамсолони худ аз Туркманистон, Ӯзбакистон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Эрон рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG