Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри китоби "Таърихи истиқлоли Тоҷикистон: Соли 1992"


Ҷилди дуввуми «Таърихи истиқлоли Тоҷикистон» китоби тозанашре, ки маросими муаррифияш дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳаводиси соли 1992-ро рӯи чоп овардааст. Муаллифони китоб Игор Сатторов, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Давлат Назрӣ, муовини вақти ӯ дар китоби тозанашр бештар ба таҳлили асноди расмӣ диққат додаву он ҳуҷҷатҳоро ба ҳайси манобеъи аслии тадқиқи худ қарор додаанд. Игор Сатторов, яке аз муаллифони китоби «Таърихи истиқлоли Тоҷикистон» мегӯяд, ҳар як ҷилд аслан ба ду боб тақсим шудааст. Ӯ мегӯяд, қисми аввали китоб аз шарҳи батартиби вақоъеи муҳимтарини сол иборат аст, ки бозгӯи вазъият дар кишвар буд. Дар қисми дуввуми китоб асноде нашр шудааст, ба нишони далел аз навиштаҳои қисми аввал. Ҷилди дуввуми «Таърихи истиқлоли Тоҷикистон» ҷузве аз як тарҳи иборат аз ҳафт ҷилдаи таърихи Тоҷикистон дар солҳои 1991-1997, то имзои Созишномаи сулҳ дар Маскав мебошад ва ҳар як ҷилд таърихи як соли Тоҷикистонро дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ дар бар мегирифтааст. Ҷаноби Сатторов, яке аз муаллифони китоб мегӯяд, китоби мазкур бо мадади моли бунёди ба номи Эберт нашр шудааст ва интизор меравад, дар соли оянда ҷилдҳои боқимондаи ин китоб низ нашр бишавад.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG