Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаи вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2005


Саодат Бозорова, ҳамоҳангсози лоиҳаи иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ин пажӯҳиши яксолаи олимон бо ёрии молии Бонки Ҷаҳонӣ ва Вазорати рушди байналмилалии Бритониё анҷом ёфта ва дар он нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Нақшаи мазкур бо мақсади муайян кардани мавқеи ҷуғрофии ноҳияҳои вомонда матраҳ гардида, пиромуни вазъи зисти аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, фаъолияти иқтисодӣ ва муҳити зист иттилоъ медиҳад:

«Нақшаи мазкур дар пайи таҳқиқи вазъи зиндагӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2003 доир гардидааст ва барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2000-ум таҳия шудааст. Нақшаи нави камбизоатӣ ба хотири тасвири амиқтари манотиқи вомондаи Тоҷикистон ба ҳукумат ва ҷомеаи ин кишвар таҳия шудааст. Яке аз ҷанбаҳои хоси нақшаи мазкур, тасвири нишондиҳандаҳои камбизоатӣ дар сатҳи ҷамоатҳои Тоҷикистон аст, ки то ҳол дар дигар омору нақшаҳо мушоҳида намешавад. Чунин усули мушкили таҳияи нақша бори аввал дар Осиёи Марказӣ ва аз он миён дар Тоҷикистон истифода шудааст. Таҳияи нақшаи мазкур танҳо яке аз иқдомоти ин ниҳод ва ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи коҳиши фақри фарогир дар ин кишвар аст.»

Дар ҳамин ҳол, Анҷела Баскиери, муҳаққиқи Донишгоҳи Саутҳемптон зимни расми тақдимоти нақшаи нави камбизоатӣ таъкид кард, ки аҳамияти ин ҳуҷҷат дар он аст, ки имкон медиҳад, дурнамоҳои муассири нави минтақавӣ барои коҳиш додани камбизоатӣ дар Тоҷикистон таҳия шавад:

«Ин нақша мисли як зербино аст ва дар асоси ин маълумотномаи дақиқ пиромуни мушаххас кардани фақиртарин ҷамоат ва навоҳии Тоҷикистон мешавад корҳои зиёдеро анҷом дод. Аммо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам маълумоти дақиқ дар бораи минтақаҳои вомондаи Тоҷикистон дар ихтиёр надорем ва ҳамакнун дар ин робита фаъолият хоҳем кард.»

Дар Нақшаи нави вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон омадааст, ки ба ҳар 10 шаҳрванди коршоями ин кишвар ҳашт нафари корношоям рост меояд ва дар баъзе минтақаҳо, ба мисли маркази вилояти Суғд ва навоҳии водии Ҳисору Рашт теъдоди оилаҳои бесаробон бас зиёданд, ки ин, бешак, боиси фақрзудоӣ шудааст. Ба гуфтаи Эндрю Мёрдок, пажӯҳишгари масоили иҷтимоӣ аз Донишгоҳи Саутҳемптон, дар ин нақша вазъи маориф дар водии Рашт, навоҳии шарқии вилояти Хатлон ва як бахши водии Зарафшон нигаронкунанда арзёбӣ шудааст. Тибқи нишондиҳандаҳои Нақшаи нави камбизоатӣ, камбуди шадиди нирӯи барқ ва гази табиӣ ба ҷуз марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, дар тамоми минтақаҳои дигар эҳсос мешавад.

Дар Нақшаи ҷадиди вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон навоҳии ҷануби кишвар ва вилояти Бадахшон ҳамчун минтақаҳои фақиртарин нишон дода шудааст. Анҷела Баскиери, муҳаққиқи Донишгоҳи Саутҳемптон ва яке аз муаллифони Нақшаи ҷадиди вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2005 мегӯяд, ояндаи наздик гурӯҳи пажӯҳишгарон ва муаллифони нақшаи мазкур дар асоси ин нақша ба ҳукумати Тоҷикистон дастурҳо оид ба беҳбуд бахшидан ба вазъи нодорӣ дар кишварро пешниҳод хоҳанд кард. Саодат Бозорова, ҳамоҳангсози лоиҳаи иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ногузир аст, ки тадбирҳо оид ба мушаххас кардани минтақаҳои вомонда дар Тоҷикистон мунтазам андешида шавад:

«Басо муҳим аст, ки дар ин нақша дар қиболи нишондиҳандаҳо оид ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин маълумот оид ба захираҳои мавҷудаи Тоҷикистон ҷой дода шавад. Ин ҳам ба ҳукумат ва ҳам ба сармоягузорон ҳангоми сохтани стротеҷии худ дар минтақаҳои муайяни ин кишвар роҳнамои беназир хоҳад буд.»

Ва аммо иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки истифодаи Нақшаи нави вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2005 дар солҳои оянда берун аз имкон аст. Баҳром Юсуфов, иқтисодшинос мегӯяд, нишондиҳандаҳое, ки дар ин санад истифода шудаанд, маълумоти панҷ соли қабл ҳастанд ва имрӯз вазъи иҷтимоии аҳолӣ рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки мақомот ва сармоягузорони хориҷӣ ҳангоми тарҳрезии нақшаҳои стротеҷии худ аз Нақшаи вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2005 истифода кунанд, эҳтимол, онҳо ноком шаванд.
XS
SM
MD
LG