Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии Тоҷикистон бар Эрон


КАРАТЕ-ДО: Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи дӯстона оид ба карате-до, ки дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бар тими Эрон бо натиҷаи 3 бар 2 ғалаба кард. Бино ба иттилои Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федератсияи карате-дои Тоҷикистон дастаи мизбон аз Диловар Шарифов, Темур Беков, Бадриддин Умедов, Эраҷ Ҳакимов ва Алиҷон Саримсоқов иборат буд. Тими меҳмон дар ҳайати Имони Ҳусейнободӣ, Мансури Восифӣ, Довуди Самадӣ, Алии Мулукӣ ва Муҳаммади Кешонӣ ҳунарварӣ кард. Дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 60 кило варзишгари тоҷик Диловар Шарифов мақоми аввалро соҳиб шуд. Мӯҳсини Хусравбекӣ, варзишгари эронӣ мақоми дувумро касб кард. Муҳаммади Кешонӣ ва Бадриддин Умедов бо ҷоизаи севум сарфароз гаштанд. Ба гуфтаи Баҳром Ҳамидов ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба карате, ки охири моҳи январи соли оянда дар Эрон баргузор мешавад, дар назар аст.

АКРОБАТИКА: Ва як хабари дигар ин аст, ки чемпионати шаҳри Душанбе оид ба акробатикаи варзишӣ ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа 110 нафар барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ рақобат карданд. Темур Сафаров байни мардон ва Умеда Қутфиддинова миёни занон мақоми аввалро соҳиб гаштанд. Дар рақобатҳои ҷуфти омехта Абдумуслим Шоев ва Екатерина Яхтина пирӯзӣ ба даст оварданд. Зафар Бердиев ва Нуриддин Шукуров дар рақобатҳои ҷуфти мардона ғолиб омаданд. Диана Нормуҳаммадова ва Зарина Наимова дар сабқати ҷуфти занона, Нигина Аҳмадова, Людмила Сафарова ва Наталя Кушкова дар рақобатҳои ҷуфти сегона муваффақ ба дарёфти мақоми аввал шуданд.
XS
SM
MD
LG