Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи нави Сафарбеки Солеҳ


Ин дуввумин филми ҳунарии таҳиягари тоҷик аст, филми аввалӣ "Ангуштарини арусӣ" чанд сол пеш рӯи навор омада буд ва аммо филмро, мутаассифона, фақат теъдоди ками алоқамандони кино тамошо кардаанд.
Сафарбек Солеҳ асосан чун таҳиягари филмҳои мустанад маъруф аст. Аввалин офаридаи ӯ филми "Жакон" - аз рӯзгори гуруғлихони маъруф Ҳикмат Ризо фақат баъди он дар Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки дар як ҷашнвораи синамо дар Париж соҳиби ҷоиза гардид. Ба гуфтаи худи таҳиягар, ин ҷоиза роҳи ӯро барои идомаи кор дар синамо ҳамвор кард. Баъдан Сафарбек "Ашагулон", "Соярушан", "Байни Нилуфару вақт", "Чархофалак", "Ба номи Ҳурмузд", дар маҷмуъ 20 филми мустанадро таҳия кард, ки то ҳанӯз миёни беҳтарин офаридаҳои синамогарони тоҷик номбар мешаванд.
Дар сӯҳбат бо маҷаллаи "Ганҷина"-и бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ таҳиягари тоҷик гуфт, таҳияи филмҳои мустанад ба "Тақвими интизориҳо" низ асар гузоштааст - ҳакамон филмро басо воқеъӣ хонданд ва ба он ҷоизаи "Нигоҳи нав"-ро лоиқ донистанд:

Ман ҳаддалимкон кӯшиш кардам, ҳунарпешаҳои мо, ки асосан ҳунарпешаҳои театранд, нақшҳоро воқеӣ бибозанд ва ҳатто саҳнаҳоеро, ки баъди филмбардорӣ аслан бурида мепартоянд, ман дар филм ҳифз кардаам. Масалан, ҳунарпеша дар роҳ меафтад ё қаҳрамони филм коре мекунад, ки нороҳат аст ва муваффақ ҳам намешавад... Ва чун ман ин саҳнаҳоро ҳифз кардам, филм хело ҳам ҳаққонӣ баромад ва пазируфтани филм ҳамчун нигоҳи нав фақат ба хотири он буд, ки филми ҳунарӣ чун филми мустанад ба назар мерасид.

Ва Сафарбек, каме аз мӯҳтавои филм бигӯед, зеро гумон мекунам, ба ҷуз онҳое, ки дар таҳияи он саҳм гирифтаанд, дар Тоҷикистон дигар касе ҳанӯз онро тамошо накардааст…

Ин як филми ҳунарӣ аст ва ин филм дар Тоҷикистон филмбардорӣ шудааст бо ҳунарпешаҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, бо Нуруллоҳ Абдуллоев, Шодӣ Солеҳов, Насриддин Нуриддинов, Асламшо Раҳматуллоев, Елена Холина ва Александр Рубсов. Ва ҳамчунин бо сокинони чанд деҳаи дурдасти Тоҷикистон, ки мо он ҷо филмбардорӣ кардем.
Ин филм тасвири як рӯзи як деҳи кӯҳистон аст. Иттифоқан меҳмоне ба он деҳ меояд, ки солҳои пеш он ҷо зиндагӣ мекард. Меҳмон рус аст ва қабл аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ӯ инҷоро тарк кардааст ва ҳоло баргаштаасту мехоҳад қабри падарашро зиёрат кунад ва аснодеро, ки барояш зарур аст, дарёфт карда ба Русия баргардад.
Ҳамин гуна як достон аст ва ба қавли як бинандаи мо, ҳама мушкилоту ҳама хушиҳои зиндагӣ дар Тоҷикистон он ҷо инъикос шудааст. Ҳарчанд шароит сангин аст, барқ нест, аммо одамигарӣ аз байн нарафтааст. Мардум хело ҳам меҳрубонанд ва ин меҳмонро самимӣ қабул мекунанд. Ҳадафи ман ин буда, ки мардуми мо хело ҳам мардуми шукргузоранд ва ин гуна мардум набояд шикаст бихуранд. Мушкилоти имрӯз муваққиянд ва мегузаранд...



"Тақвими интизориҳо" дар дигар ҷашнвораҳои синамо низ оё ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд?

Филми мо феълан барои ҷашнвораи Ню Йорк - ҷашнвораи оғои Де Ниро интихоб шудааст. Ҳамчунин дар ҷашнвораи "Фридоок" дар Шветсия ва дар фестивали "Виктория"- и Канада намоиш дода мешавад. Мо ҳоло посухи созмондиҳандагони фестивали байналмилалиии синамои Берлинро ҳам интизорем, ки барои намоиши филм чӣ назар доранд.

Ва суоле, ки гумон мекунам, шунавандагон ҳам посухи онро интизоранд - ин филм кай дар Тоҷикистон намоиш дода мешавад?

Ин аз ман вобаста нест, балки аз ҳамватанҳои азизи мо вобаста аст. Агар майл дошта бошанд, ки онро аз тариқи телевизион, аз ҳар шабакае, ки мехоҳанд, намоиш диҳанд, ман омодаам филмро дар ихтиёрашон гузорам.
XS
SM
MD
LG