Пайвандҳои дастрасӣ

Дуои ҷавони тоҷики гирифтори HIV/AIDS


Ту барои чӣ қарор кардӣ, ки аз ташхиси тиббӣ гузарӣ?

"Медонед, ман худам барои ташхис нарафтам. Дар ҷое будам, ки ҳамаро дар робита ба ин беморӣ ташхис мекунанд, ва ман тасодуфан дар он ҷо фаҳмидам, ки гирифтори ин беморӣ шудаам."

Вақте ки нахустин бор фаҳмидӣ, ки гирифтори бемории норасоии масъӯнияти бадан шудаӣ, чӣ эҳсосе туро фаро гирифт, вазъи рӯҳият чӣ гуна буд?

"Инро, инро мушкил аст баён кардан, то замоне ки онро худат эҳсос накунӣ. Аммо дигар чиз, барои ман дарднок буд. Агар инсон, фаҳмад, ки гирифтори бемории баде шудааст, ин барояш бисёр дарднок аст. Бароям бисёр сахт буд, шабу рӯз фикр мекардам, ки аз куҷо ин беморӣ ба ман часпидааст. Азият мекашӣ, фикр мекунӣ, ки шояд пагоҳ як доруе ихтироъ ва давои ин бемориро пайдо мекунанд."

Ту ба суоли худ ҷавоб пайдо кардӣ, ки ин вирус аз кӣ ва ё чӣ гуна ба ту сироят кардааст?

"Ба ростӣ намедонам, агар гуям ки дар натиҷаи истеъмоли маводи мухаддир, инро ҳам намедонам, зеро онҳое, ки ҳамроҳашон маводи мухаддир истеъмол мекардам, зоҳиран сиҳат менамоянд. Дар дигар ҷо... Инро ҳам намедонам, наметавонам бигӯям, ва ҳақ надорам, ки ба ин касеро гунаҳкор кунам, чаро ки худи мо гунаҳкорем ва ин шояд як ҷазо ба мо аст, ки тарзи носолими зиндагиро пеш бурдем. Аммо ман одати касеро гунаҳкор кардан надорам. Агар касе нафари дигарро дар ин бадбахтиаш гунаҳкор кунад, ман онро қабул надорам, зеро худи онҳо аз нодонӣ ба ин ҳол гирифтор шудаанд. Ва ман мехоҳам, касе аз ин гуфтаи ман наранҷад."

Ту чанд сол дорӣ?

"Тақрибан 30 сол дорам."

Чанд сол боз гирифтори HIV/AIDS ҳастӣ?

"Се сол боз ва шояд бештар бошад, намедонам."

Оё наздикони ту медонанд, ки гирифтори ин беморӣ ҳастӣ?

"Медонанд, аммо ба назарам на ҳамаашон. Вале ба он касоне, ки гуфтам маро дарк ва дастгирӣ карданд. Ва агар дастгирӣ намекарданд, намедонам, ки бо ман чӣ мешуд."

Аммо муносибати ҷомеа бо ту чӣ гуна аст?

"Менталитети мардуми мо дигар аст ва мардум ҳоло ба дарки ин мушкил нарасидаанд. Масалан ҳоло як намоишнома дар робита ба бемории ЭЙДЗ намоиш дода мешавад, аммо таввҷӯҳ ба он кам аст. Ин мушкил касеро ба ташвиш намеорад, аммо ҳалли ин мушкил кори як ва ё ду созмон нест. Инро тамоми мардум бояд дарк кунад ва ҳалли ин мушкил кори тамоми мардум аст. Боз медонед, ки ҷавонони мо ҳоло чӣ гуна ҳастанд, шавқу шӯри зиёд доранд, ину онро зиёд мехоҳанд, аммо сари ин масъала фикр намекунанд. Ҷомеаи мо то ба ин андоза нарасидааст, ки ман озодона бигуям, ки ман вируси норасоии масунияти бадан дорам. Агар ошкор кунӣ, шояд сангсорат мекунанд, маршрутка ва ё мусофирбарҳо дигар дар наздат намеистанд. Ба фикрам автобусҳо ҳам дигар намеистанд. Агар эълон кунӣ ба назарам ангуштнамои мардум мекунанд."

Ҳамин гуна муносибатро бо ту то кунун раво дидаанд?

"Медонед як нафаре, ки ҳамроҳи ман табобат мегирифт, дар хиёбон маро дида, фарёд зад. Ҳа СПИД чӣ хелӣ? Ман табъизро зиёд дидаам, аммо чӣ илоҷ мубориза мебарам."

Метавонӣ мисолҳои дигари мушаххас биёрӣ?

"Дар бисёр ҷойҳо мушоҳида кардаам. Ҳатто кормандони хадамоти тиббӣ низ чунин рафтор мекунанд. Масалан ба наздикӣ роҳи нави табобати маҳви вируси беморӣ шурӯъ мешавад, аммо бисёри табибони мо дар умрашон гирифторони вируси норасоии масунияти баданро надидаанд. Онҳо аз дидани филмҳои зиёд фикр мекунанд, ки гирифторони вируси норасоии масунияти бадан шояд мисли ягон ҷондори зишту ваҳмангез аст. Онҳо доир ба тарзи табобати нав тассавурот надоранд."

Аммо нишонаҳои беморӣ чӣ гуна ҳастанд, ту худро чӣ гуна эҳсос мекунӣ?

"Мисле, ки ҳеҷ нишона надорад (месурфад). Вирус дар баданат ҳаст ва батадриҷ масъӯнияти баданро заъиф мекунад, нишонаҳояш ҳеҷ зоҳир намешаванд. Аммо бо гузашти солҳо агар зиндагии солим пеш бубарӣ эҳсос намешавад. Вале агар ба саломатии худ аҳамият надиҳӣ, бо гузашти солҳо сиҳатиат бад мешавад. Вале агар табобати А Эр Ве яъне ҷилавгирӣ аз афзоиши вирус дар таркиби хун шуруъ шавад, фикр мекунам, ҳама хуб хоҳад шуд, чаро ки ман нафаронеро медонам, ки ба қадри кофӣ умр дидаанд, бо онҳо дар дигар кишварҳо суҳбат кардаам."

Баъди он ки фаҳмидӣ гирифтори бемории норасоии масунияти бадан шудаӣ, муносибатат бо духтарон чӣ гуна аст?

"Хайр ман намоз мехонам. Ва аммо бо духтароне, ки бо ман ошно ҳастанд, онҳоро зуд огоҳ мекунам. Онҳоро хуб омода мекунам, ҳама чизро мегӯям ва баъд худи онҳо бояд тасмим бигиранд. Масалан ман дар миёни духтарон дӯстоне дорам, ки медонанд ман бемор ҳастам. Аммо мо танҳо дӯст ҳастем. Муносиботи дигар ва чӣ тавр гуям, .... "ҷиддӣ"надорем."

Яъне баъд аз он ки фаҳмидӣ, бемории норасоии масъӯнияти бадан дорӣ бо касе робитаи ҷинсӣ надоштӣ?

"Бале надоштам, ҳеҷ гоҳ. Зеро одамон ҳар навъ мешаванд, бархе аз афроди гирифтор ба беморӣ фикр мекунанд, ки ман ки бемор шудам, бояд дигарон низ сироят шаванд. Мафкураи одамон мухталиф аст. Гуноҳи ман зиёд аст ва ман намехоҳам боз гуноҳи дигар кунам."

Бо ягон нафари гирифтор ба беморӣ дучор шудаӣ, ки гуфта бошад, ман ки бемор шудам, бояд дигаронро низ сироят кунам?

"Не. Ман ин гуна афродро зуд ба ҷояшон мешинонам."

Ту ба ҳамсолони худ чӣ тавсия медиҳӣ, то ки аз ин беморӣ эмин бимонанд?

"Тарзи солими ҳаётро пеша кунанд. Доир ба ояндаи худ доир ба оянда ва рушди миллати мо андеша кунанд, то ки пас аз худ ҳадди аққал наслеро боқӣ гузоранд. Ин эпидемия сол то сол суръат мегирад ва зиёдтар мешавад. Ин беморӣ набояд дигар доман паҳн кунад, балки бояд ҷилави онро дар ҳамин ҷо гирифт. Аммо ҳоло ин масъала одамонро ба ташвиш намеорад. Умуман ҳаёти солим пеш баранд. Ҷавонони ҳозираро медонед, майл ба сигор ва духтарон доранд. Баъзеашон ба дискотека мераванд ва меоянду ба худситоӣ мепардозанд, ки чунин кардам, чунон кардам. Агар бо касе робитаи ҷинсӣ мекунан, барои амнияти сиҳатии худ ҳадди аққал аз рифола истифода баранд."

Аммо муроҷиати ту ба он афроде, ки ба гирифторони бемории норасоии масунияти бадан муносибати нораво мекунанд.

"Аз онҳо мехоҳам, ки дилашон ба мо насӯзад, танҳо бо афроде, ки бемории HIV/AIDS доранд, самимӣ муносибат кунанд. Аз онҳо дурӣ наҷӯянд, чаро ки ин мусибат ба сари ҳама омада метавонад. Тавре мегӯянд, пеш аз ангушт ба сӯи касе кардан, андеша бояд кард. Доир ба сиҳатии худ, сиҳатии фарзандони худ, сиҳатии набераҳо ва наслҳои ояндаи худ андеша кунанд. Ин бемориест, ки инсонро ба оҳистагӣ мекушад. Аммо мардуми мо ҳоло ба қадри зиндагӣ намерасанд ва агар чизи баде рух диҳад, баъд ба дарки арзиши зиндагӣ ва маънии зиндагӣ мераванд. Чӣ гуна гӯям, онҳо бояд раҳмдил бошанд."

Ту гуфтӣ, ки намоз мегузорӣ. Пас аз намоз чӣ гуна дуо мекунӣ?

"Ман дар умри худ метавон гуфт, ки ҳама чизро дидам. Қариб ҳама чизро, ки метавон дар зиндагӣ дид, ҳам ғаму андӯҳро, ҳам хурсандиро, ҳам фақириву сарватмандиро. Ман дар тӯли қариб сӣ соли умри худ ҳама чизро чашидаам. Хай ман тарзи носолими ҳаётро пеш бурдам, аммо ҳоло... Баъд аз он ки ман донистам, ки гирифтори бемории норасоии масунияти бадан шудаам, маро дар инзиво нигоҳ доштанду дар ин бора чизе нагуфтанд. Баъд аз ин ман ба нӯшидан шурӯъ кардам, менӯшидам ва ниҳоят зиёд. Вале баъдтар чун ба дарки моҳияти масъала рафтам, мехостам ҷомеаеро пайдо кунам, ҳамтақдирони худро пайдо кунам ва бо мусоидати як марказ ин ба ман муяссар шуд. Ва дар ин марказ ҷамъ меоем ва мулоқот мекунем.

Суоли ман беҷавоб монд, ту баъди намоз чӣ гуна дуо мекунӣ?

"Одатан мехоҳам, ки мардум ҳарчизеро ки мехоҳанд ва орзу мекунанд дошта бошанд. Ва ҳамчунин дуо мекунам, ки Худованд беморонро фаромӯш накунад ва ба ҳама..... хай шифо тия да.

Агар мехоҳед мусоҳибаро бишнавед, ин ҷоро ангушт занед.

Садои мусоҳиб ба куллӣ тағйир дода шудааст ва мусоҳиба бо хоҳиши ӯ бо забони русӣ сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG