Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқбол аз озодии Ҷумъабой Толибов


Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, раҳоии Ҷумъабой Толибов аз зиндонро, пирӯзии журналистон ва хабарнигорони расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон медонад: "Боиси хурсандист, ки журналистон тавонистанд аз ҳуқуқи ҳамкасби худ ва бештар аз ҳама аз озодии баён дар кишвар, дифоъ кунанд."
Ҷаноби Қаршибоев ҳамчунин афзуд, қарор аст, дар рӯзҳои наздик, Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, китоберо доир ба ин қазия сабабҳо ва ҷанбаҳои ба маҳбас кашида шудани Ҷумъабой Толибов ба табъ расонад.
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиноси мустақил, Фаррухшоҳ Ҷунайдов гуфт мақомоти интизомӣ дар қазияи Ҷумъабой Толибов ба чанд иштибоҳи ҷиддӣ, роҳ додаанд.
Аввал ин ки се иттиҳоме, ки ба Ҷумъабой Толибов нисбат дода шуда буд, исботи худро наёфт. Дигар ин ки баъди қарори додгоҳ, дар бораи озод кардани Ҷумъабой Толибов, 11 октябри соли равон, ӯ дар боздоштгоҳи Истаравшан беш аз 1 моҳи дигар, нигоҳ дошта шуд.
Ҷаноби Ҷунайдов афзуд: "Ҷумъабой Толибов метавонад,ба додгоҳ муроҷиат кунад ва барои ғайриқонунӣ дар зиндон буданаш,ҷарима ситонад ва ҳамчунин афродеро ки дар ин қазия ба бепарвоӣ ва иштибоҳ роҳ доданд, ба ҷавобгрии ҷиноӣ кашад." Ҷумъабой Толибовро, ки раҳбари дастгоҳи ҳуқуқии ноҳияи Айнӣ низ буд, шаш моҳ пеш додгоҳ бо гуноҳи авбошӣ, фаро рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва нақзи қонуни дахлнопазирии манзил ба 2 соли зиндон маҳкум карда буд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG