Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ҳамкориҳои ояндаи Тоҷикистону NATO


Роберт Симмонс - намояндаи хоси дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, паймон омодааст, барои ҳифз ва таҳкими марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмакҳои фаннии худро афзоиш диҳад.
Оқои Симмонс гуфт, дар мулоқот масоили тавсиаи ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон бо NATO баррасӣ шудааст ва афзуд, бо президенти Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд, ки дар роҳи мубориза бо тавлиду қочоқи маводи мухаддир ҳамоҳангии ҳамаи кишварҳои минтақа, Афғонистон Паймони Атлантики Шимолӣ ва ҷомиаи байналмилалӣ ногузир мебошад.
Намояндаи хоси дабири кулли NATО гуфт, ба хотири таъмини амнияти минтақа ва равобити бештар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолияти намояндаи мухобиротии худро дар Қазоқистон роҳандозӣ мекунад ва идомаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистону дигар кишварҳои минтақа тавассути ҳамин намояндагӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Намояндаи хоси дабири кулли NATO гуфт, ҳамчунин дар робита ба баргузории машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, амалиёти наҷотдиҳӣ ва башардӯстона бо нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шудааст.
Эмомалӣ Раҳмонов идомаи ҳамкорӣ бо NATO-ро дар амри таъмини амнияти минтақа, мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир муҳим хонда ва созишномаҳои миёни ин созмон бо Тоҷикистон оид ба равобити ҳарбӣ-техникӣ ва кӯмакҳои ин созмон дар поккории манотиқи минкоришударо баёнгари ҳамкории амалӣ арзёбӣ кард. Тоҷикистон бо шурӯъи амалиёти зиддитеррористӣ дар қаламрави Афғонистон ба ҳайси узви Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ ҳудуд ва ҳарими ҳавоияшро ба ихтиёри нируҳои NATO вогузор кардааст. Аз соли 2001 Тоҷикистон шомили барномаи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ»-и NATO мебошад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG