Пайвандҳои дастрасӣ

Тиҷорати хориҷӣ ва рушди иқтисоди Тоҷикистон


Тайи 10-12 соли ахир ягона соҳае, ки дар Тоҷикистон бо суръат рушд карда аст, ин тиҷорати хориҷии кишвар аст. Тибқи омори расмӣ, дар ин муддат ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон қариб 12 баробар афзоиш ёфтааст (аз 131 миллион доллар дар соли 1991 то ба 1,5 миллиард доллар дар 9 моҳи соли 2005) ва то ахири соли ҷорӣ мумкин аст, то ба 2 миллиард доллар расад. Зимнан, ҳаҷми содироти солона аз 600 то 800 млн доллар ва воридоти кищвар аз 700 то 950 млн доллар будааст ва имсол мумкин аст, аз як миллиард доллар зиёдтар шавад.

Агарчӣ дар солҳои 1996, 1999, 2000 ва 2002 содироти Тоҷикистон бештар аз воридот буд, вале рўйиҳамрафта, таносуби содироту воридоти кишвар тайи 10 соли ахир, ба суди ин кишвар набудааст. Воридот ба андозаи қариб 200 миллион доллар бештар аз содирот буд.

Дар Барномаи рушди иқтисодии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки имсол содироти кишвар нисбат ба воридот 210 млн доллар бештар хоҳад буд. Вале дар 9 моҳи гузашта баръакс содирот, аз воридот 300 млн доллар камтар будааст.

Албатта, ин ҳолати хуб нест. Таносуби манфии тиҷорати хориҷӣ маънои онро дорад, ки кишвар аз ҳисоби дигарон зиндагӣ мекунад ва қарзи хориҷии он зиёдтар мешавад. Ин мумкин аст, боиси бадтар шудани вазъи иқтисодӣ ва кундии суръати пешрафти кишвар гардад.

Беҳтарин ҳолат он аст, ки (дар дарозмуддат) ҳаҷми содироту воридоти кишвар баробар бошанд ва ё содирот бештар аз воридот бошад. Аммо дар Тоҷикистон чунон ки мебинем, ҳолат баръакс аст. Ин чанд сабаб дорад:

1.Аввал ин ки Тоҷикистон иқтисоди пешрафтаю бисёрсоҳа надорад ва бисёр намудҳои маҳсулоти мавриди ниёзи мардум дар кишвар тавлид намешавад. Бинобар ин онҳо ба ночор аз хориҷ ворид карда мешаванд.

2.Дигар ин ки корхонаҳои Тоҷикистон аз нигоҳи технологӣ ақибмондаанд. Бинобар ин сифати маҳсулоташон паст аст ва тавони рақобатро дар бозоҳрҳои хориҷӣ надоранд. Аз ин рў, имконоти содироти кишвар хеле маҳдуд аст.

3.Саввум ин, ки дастрасӣ ба бозорҳои минтақа ва ҷаҳон барои содиркунандагони мо мушкил аст, зеро кишварҳои ҳамсоя мамоният эҷод мекунанд.

4.Илова бар он, ҳукумат корхонаҳои тавлидиро кўмаку пуштибонӣ намекунад, дар ҳоле ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафта корхонаҳои санъатию кишоварзӣ аз ҷониби давлат кўмакҳои пулӣ дарёфт мекунанд.

5. Тарифаҳои гумрукии Тоҷикистон низ ба суди тавлидкунандагони дохилӣ нестанд.

6.Сабаби аслии дигар ин аст, ки таркиби колоҳои содироти Тоҷикистон хеле маҳдуд аст. Кишвар асосан аз ашёи хом содир мекунад. Панҷоҳу панҷ фоизи содиротро алюминий, 25 фоизро нахи пахтаю калоба ва 14 фоизро нирўи барқ ташкил медиҳад.

Маъмулан дар ҳар ҷое, ки тайи муддати тўлонӣ ҳаҷми воридот аз содирот зиёд бошад, қарзи хориҷии кишвар ба таври хатарнок афзун мегардад. Ягона омиле, ки Тоҷикистонро аз ин хатар то андозае наҷот медиҳад, ин даромади кишвар аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик аст. Бахши зиёди воридоти Тоҷикистон, ки асосан колоҳои масрафӣ мебошанд, аз ҳамин ҳисоб пардохта мешавад.

Аммо ин кор барои кишвар судманд нест. Беҳтар мебуд, агар ин маблағҳо барои харидани воситаҳои истеҳсолот ва сохтани корхонаҳои ҷадиди саноатию кишоварзӣ истифода шаванд ва бо рушд додани ин соҳаҳо тавлиди колоҳои хушсифат ба маротиб зиёд гардад. Ин таносуби содироту воридотро ба суди Тоҷикистон дигаргун месозад ва боиси болоравии иқтисод ва афзоиши даромади кишвар мешавад. Дар чунин сурат тиҷорати хориҷии Тоҷикистон метавонад, ба пешрафти кишвар мусоидат кунад. Барои ин лозим аст, ки як сиёсати муносиби иқтисодӣ ва тиҷорати хориҷии кишвар тартибу амалӣ гардад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG