Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши ҷавонон дар роҳи ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон


"Ҷавонон зидди қочоқи инсон" - зери ин шиор беш аз 100 ҷавони тоҷик аз манотиқи мухталифи кишвар дар Кунгураи дуюми ҷавонон, ки бо ибтикори иттиҳодияи ҷамъиятии "Позитив", "Гурӯҳи ҷавонони ташаббускор" ва бо дастгирии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, Оҷонси швейтсариягии рушди байналмилалӣ баргузор гардид, дар пойтахти кишвар гирди ҳам омаданд.

Мавзӯи кунгура аз қазияи хариду фурӯши одамон, пешгирии қоҷоқи инсон, ёрӣ расондан ба қурбониёни қочоқшуда иборат буда, ҳамчунин гузаронидани тренингҳои мухталиф дар робита ба ин масъала аст.

Як сол қабл баъди кунгураи якум "Гурӯҳи ҷавонони ташаббускор" дар ҳайъати 53 нафар таъсис ёфт, ки ба муддати як сол ин ихтиёриён миёни 25 ҳазор аҳолии кишвар дар мавзӯи қоҷоқи инсон ва паёмадҳои он корҳои тавзеҳотӣ бурданд.

Нигина Мамадҷонова - корманди Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, ба созмони онҳо танҳо дар соли 2004 - ум 120 қурбонии қочоқи инсон муроҷиат кардаанд, ки аксарияти куллашон духтарон ва 4 дар садашон писарон будаанд:
"Ҷавонони синнашон аз 18 то 24-сола ва асосан аз оилаҳои камбизоат ҳастанд."

Дар ҳамин ҳол Ғуломалӣ Бозоров - сардори бахши раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати умури дохилаи кишвар гуфт, мавридҳои фурӯши кӯдак дар дохили худи Тоҷикистон низ ҷой дорад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар 11 моҳи ахир дар робита ба чунин навъи ҷиноят 6 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Ғуломалӣ Бозоров аз ҷумла афзуд: "Дар соли 2005-ум 76 мавриди истисмори шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст ва ин парвандаҳо ҳалли судии худро ёфтаанд."

Алиҷон Солеҳов - роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятии "Позитив" мегӯяд, дар муддати се соли фаъолияти иттиҳодияи ҷавонони ташаббускор онҳо тавонистаанд 120 ихтиёриро барои гузаронидани корҳои тавзеҳотӣ дар робита ба масъалаи қочоқи инсон миёни аҳолии кишвар омода созанд.

Дар ин зимн Моҳлиқо Шарифова, яке аз ихтиёриёни шаҳри Кӯлоб мегӯяд: "Ҷавонон асосан қурбонии қочоқи инсон мешаванд ва ин хатар ба онҳо бештар таҳдид мекунад. Ва худи ҷавонон низ метавонанд, дар ҳалли ин мушкилот саҳм дошта бошанд."

Ба қавли Алиҷон Солеҳов - роҳбари "Позитив", Кунгураи дуюми ҷавонон метавонад, боиси ҷалби бештари ихтиёриён ва мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ дар роҳи коҳиш додани раванди қоҷоки инсон дар ҷомеаи Тоҷикистон гардад.
XS
SM
MD
LG